Таъкиди СММ бар зарурати ҳамкории ҷаҳонӣ бо Эрон барои муқобила бо маводи мухаддир
(last modified Thu, 17 Jan 2019 12:30:55 GMT )
Январ 17, 2019 17:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди СММ бар зарурати ҳамкории ҷаҳонӣ бо Эрон барои муқобила бо маводи мухаддир

Раиси дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон, бар зарурати ҳамбастагии ҷаҳонӣ бо Эрон дар мубориза бо маводи мухаддир таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Александр Федолов, раиси дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми СММ дар Теҳрон, дар ҳошияи боздид аз намоишгоҳи доимии пулиси мубориза бо маводи мухаддири Эрон гуфт, ҳамкории СММ бо вазорати умури хориҷа ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон, ҳамвора дар заминаи муқобила бо қочоқи маводи мухаддир, иҷрои конвенсюнҳои СММ ва пешбурди фаъолиятҳои минтақаӣ, будааст.

Вай гуфт, ин ҳамкориҳо, ки дар ростои муқобила бо маводи мухаддир аст, дар заминаҳои омӯзишӣ ва пешгирӣ сурат мегирад.

Раиси дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми СММ дар Теҳрон ҳамчунин аз ситод ва пулиси мубориза бо маводи мухаддири Эрон, қадрдонӣ кард ва гуфт, вазифаи аслии СММ, ҳимоят аз Эрон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва фароҳам кардани зерсохтҳои илмӣ дар ин замина аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони хатти муқаддами мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон беш аз се ҳазору 800 шаҳид ва беш аз он захмӣ дар ин роҳ, тақдим кардааст.

Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон ба унвони парчамдори мубориза бо маводи мухаддир ном бурдааст.

 

Барчасп