Феврал 02, 2019 13:40 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти имом Хумайнӣ (раҳ) муқаддамаи пирӯзии инқилоб

Аввали феврали имсол баробар бо солрӯзи бозгашти таърихсози имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон аст. аввали февралро мебоист як нуқтаи атф дар амалисозии пирӯзии инқилоби исломӣ донист. Дар ин рӯз як ҳаракати бузург ва таърихсоз бо бозгашти ифтихоромези имоми роҳил ба Эрон пас аз солҳо табъид ва мубориза рақам хурд.

40 сол пеш дар чунин рӯзе, ҳазрати имом Хумайни (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, пас аз 14 сол табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршури мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузошт. Бозгашти пирӯзмандонаи имом ба Эрон натиҷаи муборизаи сахту истодагии инқилобии миллати Эрон дар муқобили режими саркубгари шоҳ буд.

Аз ин дидгоҳ бозгашти имом бароянди ҳаракати пур хуруши миллати Эрон алайҳи режими шоҳ буд, ки муборизаи инқилобии мардумро ба авҷ расонд, то пирӯзии инқилоби исломӣ ба самар биншинад.

Инқилоби исломӣ аз ҳамон ибтидо бо сарсахтӣ муқобили истибдод ва низоми султа истод ва сарбаланд ва пирӯз берун омад. Ин инқилоб акнун наздик ба чаҳор даҳа аст, ки дар масири боландагӣ, гом бар медорад; беонки заррае аз арзишҳои инқилобӣ ва ормонҳои худ ақибнишинӣ карда бошад.

Нигоҳе ба корномаи чиҳилсолаи инқилоб гуёи ин воқеъият аст, ки низоми Ҷумҳурии исломии Эрон; бо ифтихор ва сарбаландӣ тавонистааст дар муқобили тавтеъаҳо аз ҷанги сахт то ҷанги нарм биистад.

Чиҳилумин баҳори инқилоби исломӣ дар ҳоле оғоз мешавад, ки Эрон дар ҳамаи арсаҳо мусаммам ва пурқудрат ру ба пеш гом бар медорад.

Душманони низоми Ҷумҳурии исломӣ дар ҳамаи ин солҳо бо тавтеъаҳои мухталиф талош карданд Эронро мунзавӣ ва мардумро аз инқилоб дилсард кунанд, аммо бо вуҷуди ҳамаи таҳаррукот натавонистанд осибе ба аркони инқилоб ва низоми ҷумҳурии исломӣ ворид кунанд.

Истодагии миллати Эрон дар муқобили қудратҳои зургу зарфиятҳои инқилоби исломиро ошкор кард ва ба дунё нишон дод, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони ҳокимияте мубтанӣ бар арзишҳои инқилобӣ ва динӣ бо гомҳои мутмаин ба самти худ ба пеш меравад.

Амрико аз ҳамон ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ роҳи тавтеъаро дар пеш гирифт, то дар бистари ин хусуматварзӣ ба ҳадафҳои худ даст ёбад. Ин таҳаррукот  аммо ба азамат ва ифтихороти миллати Эрон афзудааст, то ҷоеки ҳатто душманони миллати Эрон низ ба ин воқеъият эътироф доранд. Дар воқеъ миллати Эрон бо гомҳои баланде, ки пас аз пирӯзии инқилоб бардошт ҳамаи муодилот ва муҳосиботи душманонро бар ҳам зад.

Миллати Эрон дар ру ба руӣ бо тавтеъаҳо ва иқдомоти мухталифи душман, ҳеҷгоҳ эҳсоси заъфу хастагӣ надошта ва ақибнишинӣ накардааст. Ин шикастнопазириро метавон дар пирӯзии шукуҳманди инқилоби исломӣ; даврони дифоъи муқаддас ва низ истодагӣ дар баробари ҳамаи тавтеъаҳои 40 соли ахир мушоҳида кард.

Онгуна ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ баён кардаанд: шикастнопазирии миллати Эрон дар баробари таҳдидҳо ва фишорҳо ва тавтеъаҳо, ноши аз баракати Исломи азиз аст.

Пирӯзии инқилоби исломии Эрон нишон дод агар миллате бихоҳад иззат, ҳувият, амният ва манофеъи худро ба даст оварад, лозимаи он пойдорӣ ва аз худгузаштагӣ ва худбоварӣ аст.

 

Барчасп