Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Андешаи Инқилоби Исломӣ ва меҳвари муқовимат монеи нуфузи Амрико дар минтақа шудааст
(last modified Fri, 17 May 2019 11:48:43 GMT )
Май 17, 2019 16:48 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Андешаи Инқилоби Исломӣ ва меҳвари муқовимат монеи нуфузи Амрико дар минтақа шудааст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо баёни ин ки андешаи Инқилоби Исломӣ ва ҷабҳаи муқовимат як истисно ва қудрати рӯ ба рушд аст, таъкид кард, ин тафаккур роҳро барои афзоиши иқтидори Ислом ва коҳиши нуфузи Амрико дар минтақа фароҳам кардааст.

Ҳуҷҷатулислом Сайидмуҳаммад Ҳасани Абутуробифард иқтисодро дар ҷомеаи исломӣ муҳиму меҳварӣ донист ва таъкид кард, ҷумҳурии исломӣ бо вуҷуди чаҳор даҳаи таҳрим гомҳои баланди иқтисодӣ бардоштааст ва бисёре аз зерсохтҳои иқтисодии Эронро бархе аз кишварҳои тавсеаёфта ҳам надоранд. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон хотирнишон кард, мақомоти олирутбаи Амрико, ки таҳримҳо алайҳи Эронро пешниҳод дода буданд, имрӯз эътироф доранд, агар Эрон аз зарфиятҳояш истифода кунад, таҳримҳо беасар хоҳад буд. Абутуробифард афзуд, амрикоиҳо ҳастанд, ки дар фақр ғӯттаваранд, аммо Эрон муқтадир аст, чун бо қудрат дар масири саҳеҳ қадам бардошта ва қувои дарунии он истеҳком ёфтааст ва иншоаллоҳ, ба як қудрати бузурги иқтисодӣ табдил хоҳад шуд.

 

Барчасп