Зариф: Танҳо роҳи коҳиши таниш дар минтақа - таваққуфи ҷанги иқтисодии Амрико бо Эрон аст
(last modified 2019-06-10T12:11:16+00:00 )
Июн 10, 2019 17:11 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Танҳо роҳи коҳиши таниш дар минтақа - таваққуфи ҷанги иқтисодии Амрико бо Эрон аст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои олмонии худ дар Теҳрон гуфт, танҳо роҳи коҳиши таниш дар минтақаи ғарби Осиё, таваққуфи ҷанги иқтисодӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Ҳайку Мас, вазири умури хориҷаи Олмон дар Теҳрон гуфт, ҷанги иқтисодии Амрико алайҳи Эрон барои ҷаҳон бисёр хатарнок аст.

Вай афзуд, набояд таваққуъ дошт, касоне, ки ҷанги иқтисодӣ алайҳи мардуми Эронро роҳ андохтаанд ва ё онро ҳидоят мекунанд, дар амон бошанд.

Зариф гуфт, Эрон ҳаргиз шуруъкунандаи ҳеҷ ҷанге набудааст, аммо агар касе бо Эрон ҷангеро шуркъ кунад, поёндиҳандаи он ҷанг нахоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо таъкид бар ин ки 15 гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ собит мекунад, ки Эрон ба тааҳҳудоти байналмилалии худ пойбанд аст, хотирнишон кард, Эрон муваззаф аст ба ҳамон андоза, ки ба тааҳҳудоти байналмилалӣ пойбанд аст, аз ҳуқуқи мардумаш ҳам дифоъ кунад.

Зариф ба ҷиноятҳои Амрико дар минтақа, аз ҷумла ҳимоят аз Саддоми диктатори маъдуми Ироқ, ба расмият шинохтани ишғоли Қудс ва баландиҳои Ҷавлон барои режими Исроил, ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва пуштибонӣ аз бомбаборони ғайринизомиёни яманӣ низ ишора кард ва гуфт: Эрон ҳафт ҳазор сол аст, ки дар минтақаи ғарби Осиё аст, аммо мушаххас нест, ки чаро Амрико дар ин минтақа ҳузур дорад ва танишофаринӣ мекунад.

Баъд аз ин нишасти муштарак хабаре низ дар лаври дувуми гуфтугӯҳои вазирони умури хориҷаи Эрон ва Олмон баргузор шуд.

 

Барчасп