Июн 18, 2019 19:23 Asia/Dushanbe
  • Манобеи мисрӣ: Тамосҳои байни Эрону Миср дар бораи таҳаввулоти минтақа дар ҷараён аст

Бархе манобеи олирутбаи мисрӣ аз тамосҳои Мисру Эрон дар бораи таҳаввулоти минтақа, бахусус пас аз ҳодисаи нафткашҳо дар баҳри Умон хабар доданд.

Бархе манобеи олирутбаи мисрӣ гузориш доданд, ки Қоҳира ахиран канали иртиботӣ бо Теҳрон барқарор карда ва тамосҳое байни ду тараф, бахусус пас аз ҳаводиси ахир дар минтақа барқарор шудааст.

Вебгоҳи “Аларабия алҷадид” ба нақл аз ин манобеъ муддаӣ шуд, ки ҳафтаи гузашта чанд масъули эронӣ ба Қоҳира сафар карда, дидору гуфтугӯҳое бо масъулони барҷастаи дастгоҳи иттилооти умумии Миср анҷом доданд. Тибқи ин гузориш, дар ин дидорҳо авзои минтақаи Халиҷи Форс ва ҳамалоти ахир ба нафткашҳо дар баҳри Умон, ҳамлаи ахир ба нафткашҳои Саудӣ дар минтақа, авзои Ғазза, Яману ҳамалоти “Ансоруллоҳ” ба фурудгоҳҳои Абҳо ва Наҷрони Саъудӣ баррасӣ шудааст. Манобеи мисрӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки раҳбарони сиёсии Қоҳира даст доштани Эрон дар ҳамлаи ахир ба нафткашҳоро баъид, аммо дар айни ҳол Теҳронро дар қазияи ҳамалоти мушакии  “Ансоруллоҳ” ба фурудгоҳҳои Саудӣ масъул медонанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, Теҳрону Қоҳира ҳамчунин авзои навори Ғазза ва ташдиди ҳамалоти ахирро баррасӣ карданд, ки бо тавваҷуҳ ба миёнҷигарии Миср байни гурӯҳҳои фаластинӣ ва режими саҳюнистӣ барои барқарории оташбас дар Ғазза парвандаи Ғазза бештарин бахши тамосҳои Теҳрону Қоҳираро шомил мешавад.

Ин манобеъ гуфтанд, ки тамосҳои Мисру Эрон танҳо дар сатҳи амниятиянду ҳанӯз ба сатҳи дипломатӣ нарасидаанд ва наметавон ин тамосҳоро ба маънои азсаргирии равобити сиёсии байни Қоҳира ва Теҳрон таъбир кард. Нуқоти ихтилоф ва низ нуқоти тавофуқи байни ду тараф вуҷуд дорад, ки парвандаи Сурия, ҳимояти Миср аз Башор Асад ва артиши он аз ҷумлаи нуқоти тавофуқи ду кишвар аст. Гузашта аз ин Теҳрон қадрдони мавзеи мухолифи Миср барои пайвастан ба “НАТО-и арабӣ» аст .

Бинобари ин гузориш, ихтилоф бар сари мавзегирӣ алайҳи Эрон боиси бурузи ихтилофи дидгоҳ дар дохили эътилофи Миср бо кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс шудааст.