Июл 25, 2019 12:09 Asia/Dushanbe
  • Номаи Эрон ба Шӯрои амният дар бораи тахалуфи нафткаши англисӣ

Намояндагии эрон назди СозмониМилалли Муттаҳид дар номае ба Шӯрои амният чароии тавқифи нафткаши англисиро дар тангаи Ҳурмуз ташриҳ ва эълом кард,ин нафткаш қавонини байналмиллалиро нақз кардааст.

Намояндаи Эрон назди Созмони Милалл дар номае дар Шӯрои амният тасриҳ кард, нафткаши англисии  Stena Impero 19 июли 2019 дар тангаи Ҳурмуз ба як фарванди шиновари моҳигирӣ эронӣ бархурд ва ба он хасорат ворид кардааст.

Намояндагии Эрон назди Созмони Милалл эълом кард, дар паи ин иқдом, нафткаши  англисӣ ҳушдорҳои Эронро нодида гирифта ва бо хомуш кардани системаи новбари худ дар ҳоли талош барои фирор буд,ки  нерӯҳои эронӣ онро тавқиф карданд.

Нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ масулияти амнияти тангаи  роҳбурдии Ҳурмузро  бар уҳда дорад ва ҳамвора талош кардааст ҷараёни ҷаҳонии энержӣ аз ин оброҳи ҳаётӣ бемушил анҷом шавад.

Ҳамзамон  бо барқарории амнияти тангаи Ҳурмуз, иҷроии қавонини дарёнавардӣ ва байналмиллалӣ дар ин гулӯгоҳи ҳаётии энержии ҷаҳон мавриди таваҷуҳи ҷидии Эрон будааст.

Нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони  Инқилоби исломӣ бо тавқифи нафткаши англисӣ амалан дар чорчуби барқарории назм ва қонун ва ҳифзи амнияти дарёнавардӣ дар тангаи ҳурмуз иқдом кардааст.

Бархурди нафткаши англисӣ бо шиновари моҳигири эронӣ дар тангаи Ҳурмуз, хомуш кардани системаи новбарӣ, тағийри ҷиҳати масири худ ва дар ниҳоят бетаваҷуҳӣ ба ҳушдорҳои нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ,иқдомоти хилофи қонуни нафткаши англисӣ дар тангаи Ҳурмуз будааст.

Бо таваҷуҳ ба ин,ки масулияти аслии ҳифозат аз тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс,умдатан бар уҳдаи Эрон ва кишварҳои ҳамҷавор аст, иқдоми нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони  Инқилоби исломӣ дар тавқифи нафткаши англисӣ ба дархости Созмонни бандарҳо ва дарёнавардии устони Ҳурмузгон, ҷунуби Эрон, риояти қавонини марбут ба дарёнавардӣ будааст.

Ба гуфтаи Алаҳмурод Афифипур, Мудири кулли бандарҳо ва дарёнавардии устони Ҳурмузгон, нафткаши англисӣ пас аз нақзи қавонини бақналмиллалии дарёнавардӣ ва тамкин накардан ба дархостҳои Эрон дар паи бархурд бо шиновари саёдӣ,тавассути нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ тавқиф шудааст.

Акнун 23 хадамаи нафткаши тавқифшудаи англисӣ бо ҳидояти ин нафткаш ба лангаргоҳи Бандар Аббос дар саломати комил ҳастанд то коршиносони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон бо баррасии дақиқ абъоди ҳодиса дар тангаи Ҳурмуз, масулияти қонунии худро дар чорчуби қонунҳои байналмиллалии дарёнавардӣ иҷро кунанд.

Бо таваҷуҳ ба тахалуфи ошкори нафткаши англисӣ дар тангаи Ҳурмуз, тавқифи он маънои сиёсӣ ва иқдоми мутақобил таъбир намешавад, чаро,ки ба гуфтаи  Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии исломии Эрон, тангаи Ҳурмуз аз мавқеъияти бисёр муҳиме бархурдор аст ва ҷои шухӣ нест.

 Тавқифи нафткаши англисӣ дар тангаи Ҳурмуз бо иқдоми нерӯи дарёии англис дар тавқифи киштии ҳомили нафти Эрон дар тангаи  Ҷабал Алториқ қобили муқоиса нест.

Баҳонаи Англия барои тавқифи киштии ҳомили нафти Эрон дар тангаи Ҷабал Алториқ, иқдоми сиёсӣ аст, чаро,ки на фақвт Эрон ва дигар кишварҳои хориҷ аз Иттиҳодияи Аврупо лозим ба риояти таҳримҳои ғайри қонунии Иттиҳодияи Аврупо зидди Сурия нестанд.

Албатта масулони Эрон борҳо эълом карданд, мақсади киштии ҳомили нафти Эрон дар Ҷабал Алториқ Сурия набуд ва дар натиҷа, иқдоми нерӯи дарёии Англис дар тавқифи он, ба гуфтаи Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон роҳзании дарёӣ аст.

Мавқеъияти ҷаҳонии тангаи Ҳурмуз бо Ҷабал Алториқ барои Эрон фарқ дорад ва рӯзона садҳо фарванд киштии тиҷорӣ, нафткаш ва ғайра аз тангаи роҳбурдии Ҳурмуз убур мекунанд. Дар чунин шароите, ин гузаргоҳи ҳасос ба унвони шараёни аслии энержии ҷаҳон ҷои корҳои сиёсӣ нест ва қавонини дарёнавардӣ ба дурусти дар он риоят хоҳад шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат гуфт; сипоҳи Посдорон бо қудрат киштии мутахалифи англисиро тавқиф кард, чаро,ки аз ҳамаи дастурот сар боз зада буд ва кори бисёр дақиқ, ҳирфаи ва дурусте дар ин замина анҷом додааст, ҳамаи дунё бояд аз сипоҳи Посдорон ба хотири амнияти Халиҷи Форс, сипосгузор бошанд.