Июл 29, 2019 17:14 Asia/Dushanbe
  • Иродаи ҷиддии Теҳрон барои густариши равобит бо Пекин

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, иродаи ҷиддии Эрон густариши равобити ҳамаҷониба бо Чин аст.

Сонг Тао, вазири байналмилали ҳизби ҳокими Чин дар Теҳрон бо ишора ба дидгоҳҳои наздик ва муносиботи хуби ду кишвар дар заминаҳои мухталиф афзуд, Эрон барои содироти газ ба Чин аз тариқи хати интиқоли Покистон омодагӣ дорад.

Ҷаҳонгирӣ дар посух ба суоли вазири байналмилали ҳизби ҳокими Чин мабнӣ бар ин ки иқтисоди муқовиматӣ чӣ гуна тавониста бо вуҷуди фишорҳо ва таҳримҳои Амрико суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Эрон барқарор кунад, изҳор дошт: сиёсатҳои куллии иқтисоди муқовиматӣ такя бар зарфиятҳои дохилии кишвар, тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва дӯсте назири Чин, коҳиши иттико ба даромадҳои нафтӣ, тавсеаи иқтисоди донишбунён ва мардумӣ кардани иқтисод дорад.

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон гуфт, ҳамон тавр, ки Эрон ба тааҳҳудоти худ дар чорчӯби БарҶом амал кард, тарафҳои дигар низ бояд ба тааҳҳудоти худ пойбанд бошанд.

Ҷаҳонгирӣ ба нақши пураҳамияти Эрон дар мубориза бо гурӯҳҳои террористии минтақа ва ба хусус ДИИШ ишора кард ва афзуд, Амрико дар талош аст гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз Сурия ба Афғонистон мунтақил кунад, ки барномае хатарнок аст ва бояд дар баробари он истод.

Сонг Тао, вазири байналмилали ҳизби ҳокими Чин низ бо таъкид бар ин ки дидгоҳи Пекин дар бораи равобит бо Теҳрон роҳбурдӣ ва дарозмуддат аст, гуфт, Чин дағдағаҳои Эрон дар хусуси БарҶомро дарк мекунад.

 

 

Барчасп