Омодагии Хуросони Разавӣ барои ҳузур дар намоишгоҳи Тоҷикистон
Муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондори Хуросони Разавӣ аз омодагии фаъолони иқтисодии ин устон барои ҳузур дар панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Душанбе хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Алии Расулиён дар нишасте бо дастандаркорони барпоии ин намоишгоҳ гуфт, барпоии панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон зарфияти арзишманд ва маҷоли муғтанам барои тавсеаи ҳузури кишвар ва устони Хуросони Разавӣ дар бозори Тоҷикистон аст. Вай афзуд, намоишгоҳи ихтисосии Эрон аз 21 то 24 декабр дар вусъати ҳазор метри мураббаъ барпо мешавад ва ширкатҳои тавлидӣ ва фаъолони иқтисодӣ дар бахшҳои саноати ғизоӣ, беҳдоштӣ, дармонӣ, тавлидӣ, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, фарш ва лавозими хонагӣ ва хадамоти фарҳангӣ маҳсулоти худро арза мекунанд. Вай бо ишора ба муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ду кишвар гуфт, то кунун 21 ширкат дар бахшҳои тиҷорӣ ва 13 ширкат аз Иттиҳодияи содиркунандагони Хуросони Разавӣ барои ҳузур дар ин намоишгоҳ эъломи омодагӣ ва сабти ном кардаанд.
Тоҷикистон чаҳорумин ҳадафи содиротии устони Хуросони Разавӣ баъд аз Афғонистон, Туркманистон ва Ироқ аст. Аз ҷумлаи муҳимтарин колоҳои содиротии Эрон ба Тоҷикистон ширинӣ, ранг, анвои паста, семент, оксиди алюминий, дору, тухми паррандагон ва хадамоти фаннию муҳандисӣ аст.