Декабр 16, 2019 16:51 Asia/Dushanbe
  • Шикояти муҷаддади Эрон аз Амрико ба ИКАО ба далели таҳрими саноати ҳавонавардӣ

Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон гуфт, аз таҳримҳои Амрико ба далели таҳрими саноати ҳавонавардӣ ба ИКАО шикоят мекунем.

Алӣ Обидзода рӯзи душанбе дар ҳошияи намоишгоҳи ҳамлу нақл ва луҷистики Теҳрон афзуд, ба кумаки вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҳоли пайгирии рафъи таҳрими ҳавонавардии Эрон ҳастем.

Вай бо ишора ба инки токунун чандин бор ба Созмони байналмилалии ҳавонавардӣ (ИКАО- ICAO) барои иҷро накардани таҳримҳои Амрико алайҳи саноати ҳавоии Эрон дархост додаем гуфт, баъзе кишварҳои аврупоӣ низ, ки маҷбӯр ба таҳрими ширкатҳои ҳавоии эронӣ шуданд, дар номанигорӣ ба ИКАО таҳримҳои Амрико алайҳи саноати ҳавоии Эронро на техникӣ, балки сиёсӣ эълом карданд.

Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон ҳамчунин аз харид ду ҳавопаймои ҷадид ва афзуда шудани онҳо ба новгони ҳамлу нақли ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ояндаи наздик хабар дод.

Созмони ҳавопаймоии Эрон дар июни 2019 аз Амрико ба далели таҳрими саноати ҳавонавардӣ ба ИКАО шикоят кард.

 

Барчасп