Декабр 24, 2019 11:50 Asia/Dushanbe
  • Пайёми таслияти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паи даргузашти оятуллоҳ саид Меҳдии Халхолӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайёме риҳлати олими ҷалил оятуллоҳ ҳоҷ саид Маҳдии Халхолиро таслият гуфтанд.

Матни пайёми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст: Бисмиллоҳи раҳмони раҳим

Реҳлати олими ҷалил оятуллоҳ ҳоҷ саид Меҳдии Халхолӣ ризвонуллоҳ илайҳро ба байти муҳтарам ва ҳамаи иродатмандон ва шогирдони ишон дар Теҳрон ва Машҳад таслият арз мекунам. Ишон фақиҳи олиқадр ва мударрисе бузург буданд ва хадамоти динӣ ва илмӣ бо арзише ба ҳавзаҳои илмия ва ба муҳити динии кишвар ироа карданд. Навиштае матин дар боби ҳукумати исломӣ монанди дигар навиштаҷоти фиқҳӣ ва усулӣ аз ёдгорҳои барҷастаи ишон аст.

Аз Худованди мутаол раҳмат ва мағфирати ишонро масъалат мекунам.

Саидалии Хоманаӣ 2 дей 1398 (23 декабри 2018)