Январ 03, 2020 21:05 Asia/Dushanbe
  • Сипоҳи посдорон: Интиқоми сахте аз ҷинояткорон гирифта хоҳад шуд

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе бо таслияти шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудс ва дигар шуҳадои ҷинояти Амрико дар Бағдод, бар гирифтани интиқоми сахт аз ҷинояткорон таъкид кард.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар ин баёния эълом кард, ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористии Амрико ба худрави ҳомили сипаҳбуд Сулаймонӣ, ҳамроҳон ва ҷамъе аз фармондеҳони “Ҳашдушшаъбӣ” -и Ироқ, аз ҷумла муҷоҳиди бузург Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, ки барои барномарезии муқобила бо тавтеаи ҷадиди амрикоиҳо дар эҳёи ДИИШ ва гурӯҳакҳои такфирӣ ва барҳам задани муҷаддади амнияти Ироқ, дар ҳоли сафар ба мақарри мавриди назар буданд, омили шаҳодати ифтихоромези онон шуд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо таъкид бар идомаи роҳи ин шуҳадо тасреҳ кард, сипаҳбуд Сулаймонӣ на танҳо як шахс, балки бовар ва мактабе тамомнашуданӣ аст ва аз ин пас душманон ҷилвагариҳои маънодортари онро дар ҷуғрофиёи султа ва ҳузури номшруъ ва ишғолгаронаи худ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон таҷриба хоҳанд кард.

Дар идомаи ин баёния омадааст: Шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ ва дигар фарзандони тарбиятёфта дар мактаби вилояти фақеҳ ва муқовимати исломӣ, фасли навин ва кушояндаи ҷабҳаҳои ҷадиде дар раванди муқовимат зидди саҳюнистҳо ва муқобила бо террористҳои мутаҷовиз ва ишғолгари амрикоӣ дар минтақа хоҳад шуд.

 

 

 

Барчасп