Раҳбари муаззами инқилоб: Рӯҳияи ҷиҳод ва муқовимат бояд роҳи қатъии наслҳои оянда шавад
(last modified 2020-01-15T09:33:05+00:00 )
Январ 15, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Рӯҳияи ҷиҳод ва муқовимат бояд роҳи қатъии наслҳои оянда шавад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Бояд рӯҳияи ҷиҳод ва муқовимат ба гунае ниҳодина шавад, ки роҳи қатъии наслҳои пай дар пай қарор гирад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори аъзои Ситоди конгресси ду ҳазор шаҳиди устони Бушеҳр (ҷануби Эрон), бо таъкид бар лузуми фарогир кардани ин эҳсоси воқеӣ, ки танҳо роҳи наҷот, идома додани роҳи шаҳидон аст афзуд: Кишваре бархӯрдор аз нерӯ, маъданҳо, имконоти гуногун ва бо ҷойгоҳи ҳассоси ҷуғрофиёӣ, танаввӯи иқлимӣ ва ҷамъияти 80 миллионӣ, монанди Эрон, ки мавриди тамаи қудратҳост, бояд битавонад бо кор ва ҷиҳод худро идора кунад, то иззати он лагадкӯб нашавад.

Эшон гуфтанд: Албатта имрӯз ба баракати инқилоби исломӣ миллати Эрон истодааст, аммо бояд рӯҳияи ҷиҳод ва муқовимат ба гунае ниҳодина шавад, ки роҳи қатъии наслҳои пай дар пай қарор гирад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор, устони Бушеҳр (дар ҷануби Эрон)-ро минтақае ҳассос ва саршор аз ифтихороти низомӣ хонданд ва афзуданд: Бушеҳр то солҳои тӯлонӣ аз ҳузури истеъморгарон дар ин минтақа дар маърази таҳдиди душманони Эрон буд, аммо бо ҳидояти олимони динӣ ва фидокории шаҳидони олимақоме ҳамчун Раисалии Диловарӣ, бо қудрат дар муқобили ин таҳоҷум истод.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба диловариҳои шахсияти муҷоҳид ва мудофеи ҳарими кишвар, яъне Раисалии Диловарӣ дар мубориза бо англисҳои мутаҷовиз ва бархе шаҳидони дигари ин устон таъкид карданд: Коре кунед, ки ёди ин шаҳидон ва шахсиятҳои барҷаста дар зеҳни наслҳои ҷадид мондагор шавад.

Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор, ки сенздаҳуми январ баргузор шуд, субҳи имрӯз (чоршанбе) дар маросими оғозини конгресси ду ҳазор шаҳиди устони Бушеҳр мунташир шуд.

 

 

Барчасп