Дидори фармондеҳон ва коркунони нерӯи ҳавоии артиши Эрон бо фармондеҳи муаззами кули қуво
(last modified 2020-02-08T10:25:59+00:00 )
Феврал 08, 2020 15:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори фармондеҳон ва коркунони нерӯи ҳавоии артиши Эрон бо фармондеҳи муаззами кули қуво

Теъдоде аз фармондеҳон ва коркунони нерӯи ҳавоии артиши Эрон имрӯз бо фармондеҳи муаззами кули қуво дидор карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои хуросон , ба муносибати солрӯзи байъати таърихии ҳамофарони артиш бо ҳазрати имом Хумайнӣ (р) дар нуздаҳуми баҳман моҳи 1357 , фармондеҳон , халабонон, ва ҷамъе аз аъзои нерӯи ҳавоии артиши ҷумҳурии исломии Эрон ,субҳи имрӯз ( шанбе ) бо Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ фармондеҳи муаззами кули қуво дидор карданд.

Раҳбари муаззами инқилоб дар ин дидор гуфтанд ; дар моҷарои байъати ҳамофарон бо имом Хумайнӣ  (р) ,режими Тоғут аз ҷое зарба хурд ,ки интизори онро надошт.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд ; Нерӯи ҳавоӣ дар даврони Паҳлавӣ ,яке аз наздиктарин нерӯҳо ба маркази қудрат ва ба дарбор ва ба амрикоиҳо буд ; аз ин ҳодиса бояд ибрат ва дарс бигирем.

Ҳазрати Оятуллоҳ  Хоманаӣ тасриҳ карданд ; аввлин дарсе,ки хуб аст мо ба он таваҷуҳ дошта бошем ин аст,ки режими тоғут аз ҷое зарба хурд ,ки интизори онро надошт.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд ; нерӯи ҳавоӣ бо фармондеҳони ончунони вобаста, бо шароити вижае ,ки ин нерӯ ҳамеша дар он давра доштааст - ( яъне ) иртибот ва иттисоли шадид ба амрикоиҳо ва мудирони амрикоӣ ва омӯзишгоҳҳои Амрико ва монанди инҳо - ногаҳон дар ҳасостарин мавқеъ ба нафъи инқилоби вориди майдон мешавад ,ки аввалаш рӯзи нуздаҳуми баҳман буд,ки омаданд бо Имом дидор карданд ва байъат карданд ; баъд ҳам истодагӣ дар муқобили бахши дигаре аз артиш буд,ки ба онҳо ҳамла карда буданд.

Ишон афзуданд ; ин як масала аст,ки Худои мутаол аз ҷое ба душман зарба ворид овард ,ки интизор надошт ин , як тарафи қазия аст ва нуқтаи муқобили ин он аст,ки муъминин аз нуқтаҳои тақвиятшудаднд ,ки интизор надоштанд.