Феврал 21, 2020 16:10 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Амрикоиҳо аз мушорикати мардумӣ дар Эрон меҳаросанд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба даври ҷадиди таҳрими Вазорати хазонадории Амрико зидди шахсиятҳои эронӣ, бавижа бархе аъзои Шӯрои нигаҳбони қонуни асосӣ гуфт, амрикоиҳо аз мардумсолорӣ ва мушорикати мардумӣ дар Эрон меҳаросанд.

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи панҷшанбе дар идомаи иқдомоти хасмона зидди Теҳрон, шуморе аз аъзои Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эронро дар феҳристи таҳримҳо қарор дод.

Шӯрои нигаҳбони қонуни асосӣ аз ҷумлаи ниҳодҳои назоратии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки таъйиди салоҳияти номзадҳои тамомии интихоботи саросарӣ ба ҷуз интихоботи шӯроҳои шаҳру русто аз вазоифи ин шӯро аст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа бо баёни ин ки амрикоиҳо дар камоли ноумедӣ ниҳоди интихоботро дар Эрон ҳадаф қарор додаанд, афзуд, ин иқдом нишондиҳандаи нокомӣ, ноумедӣ ва шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарии режими Амрикост.

Мусавӣ бо таъкид бар ин ки амрикоиҳо беш аз 83 миллион эрониро таҳти таҳрим, терроризми иқтисодӣ ва фишори ҳаддиаксарии худ қарор дода ва натиҷае нагирифтаанд, хитоб ба мақомоти амрикоӣ гуфт; Давлат, миллат ва ҳамаи аркони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои шумо ва таҳримҳои ҷунуномезатон кӯчактарин арзише қоил нест ва бо салобат ба роҳ ва ояндаи равшани худ идома хоҳад дод.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, роҳбурди Эрон дар муқобили фишори ҳаддиаксарӣ, муқовимати ҳаддиаксарӣ аст ва ин амрикоиҳо ҳастанд, ки дар ниҳоят дар баробари иродаи миллати Эрон сари таъзим фуруд хоҳанд овард ва ёд хоҳанд гирифт, ки бояд бо ин мардуми пурифтихор ва муқовим, на бо забони таҳрим, балки бо забони такрим сухан гӯянд ва рафтор кунанд.

 

 

 

Барчасп