Номаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба сарони кишварҳо дар бораи мубориза бо коронавирус
(last modified 2020-03-15T05:02:13+00:00 )
Март 15, 2020 10:02 Asia/Dushanbe
  • Номаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба сарони кишварҳо дар бораи мубориза бо коронавирус

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба зарурати мушорикати ҳамагонӣ барои муқобила бо шуюи коронавирус, бар лузуми рафъи таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи миллатҳо ва тадвинҳои протоколҳои муштараки беҳдоштӣ байни ҳамсоягон таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон бо ирсоли номае ба сарони теъдоде аз кишварҳо бо ишора ба шуюи коронавирус ва табдил шудани он ба як эпидемии ҷаҳонӣ ёдовар шуд: Эрон дар ин шароит бо монеаҳо ва маҳдудиятҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст, ки бархоста аз таҳаммули ду соли таҳримҳои густардаи ғайриқонунӣ, сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ва коршиканиҳои низомманди давлати Амрико аст.

Руҳонӣ бо баёни ин ки мудирияти ин буҳрон тавассути ҳеҷ кишваре ба танҳоӣ муясар нест афзуд, таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ва пайравии аксари шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷӣ аз ин таҳрим, на танҳо ғайриқонунӣ ва хилофи қатъномаи Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, балки ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ аст.

Раисиҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки шикасти коронавирус як вазифаи байналмиллалӣ аст, хатоб ба сарони кишварҳои мухотаб дар ин нома афзуд, бояд иқдомоте анҷом шавад то бо иҷрои тааҳудоти ҳамаи кишварҳо дар қолиби қатъномаи 2231 Шурои амнияти Созмони Миллал, таҳримҳои ғайриқонунии Амрико алайҳи  мардуми Эрон беасар шуда ва бо терроризми иқтисодии Амрико муқобила шавад.

Руҳонӣ бо баёни инки ҳар сиёсате, ки муҷиби тазъифи сохтори иқтисодӣ, тазъифи низоми пизишкӣ ва маҳдудияти манобеи молӣ дар мудирияти буҳрон шавад, таъсироти мустақим бар мубориза бо эпидемӣ дар дигар кишварҳо хоҳад дошт таъкид кард, замони он аст, ки ҷомеаи байналмиллал дар баробари қудратнамоиҳои зиддиқонунӣ ва зиддиинсонии Амрико истодагӣ кунад ва иҷоза надиҳад таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон, рӯёрӯӣ бо ин вируси муҳликро таҳти таъсир қарор диҳад.

Барчасп