Рӯҳонӣ: Рафҳъи тавқифи 1 миллиарду 600 миллион доллар пули Эрон аз инҳисори амрикоиҳо
(last modified 2020-04-12T12:51:50+00:00 )
Апрел 12, 2020 17:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Рафҳъи тавқифи 1 миллиарду 600 миллион доллар пули Эрон аз инҳисори амрикоиҳо

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз озодсозии 1 миллиарду 600 миллион доллар аз пули Эрон, ки тавассути давлати Амрико тавқиф шуда буд, хабар дод.

Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти Ситоди миллии муқобила бо коронавирус дар Теҳрон афзуд: Бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо, ҳуқуқдонони Бонки марказӣ ва Вазорати умури хориҷаи Эрон муваффақ шуданд, пас аз моҳҳо талош, 1 миллиарду 600 миллион доллар аз пули Эронро, ки дар Люксембург тавқиф шуда буд, озод кунанд.

Руҳонӣ бо ишора ба коршикании амрикоиҳо дар дарёфти воми Эрон аз Сандуқи байналмилалии пул афзуд:

Акнун, ки коронавирус дар саросари ҷаҳон хурӯҷ кардааст ва амрикоиҳо бо ин, ки  худашон гирифтори ин вирус ҳастанд ва медонанд, мардуми Эрон дар ин шароит чи мушкилотеро таҳаммул мекунанд, аммо ҳамвора бар фишорҳои худ бар Эрон меафзоянд ва ин кор ғайриинсонӣ ва зиддибашарӣ дар таърих барои ҳамеша сабт хоҳад шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамзамон бо оғози хурӯҷи коронавирус аз Сандуқи байналмилалии пул 5 миллиард доллар вом дархост карда буд, ки Амрико бо коршиканӣ монеъ аз пардохти ин вом ба Эрон шудааст.

Барчасп