Июн 07, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон ва Бишкек дар пайи тақвияти равобити мутақобил

Санжар Муканбетов, вазири иқтисоди Қирғизистон дар дидоре бо Саъиди Харрозӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Бишкек, бар алоқамандии кишвараш барои густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳо бо Теҳрон дар бахшҳои мухталиф бавижа умури иқтисодӣ таъкид кард.

Вазири иқтисоди Қирғизистон ҳамчунин бо изҳори алоқаманди ба ҳамкори бо ширкатҳои эронӣ, аз кумакҳои башардӯстонаи устони Хуросони Разавӣ ба Қирғизистон дар ростои мубориза бо шуюи вируси хатарноки корона қадрдони кард.

Раванди рӯбарушди равобити Теҳрон ва Бишкек дар шароите матраҳ аст, ки ҳар ду кишвар аз заминаҳои мусбати ҳамкориҳои мутақобил бавижа дар умури иқтисодӣ, тиҷорӣ ва санъатӣ гардишгари бархурдоранд.

Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Қирғизистонро дар соли 1991 милодӣ ба расмият шинохт ва ба манзури тақвияти ҳарчи бештари равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо ин кишвар кӯшиш кардааст.

Ба рағми талошҳои мутақобили мақомҳои Теҳрон ва Бишкек, равобити иқтисодии Эрон ва Қирғизистон тайи солҳои гузашта монанди соири бахшҳо равобити дуҷониба, пешрафти чандоне накарда буд ва раванди тақрибан исторо шоҳид будааст.

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда тавассути Созмони гумруки Эрон, ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар то соли 2016 аз рақами 12 миллион доллар дар сол таҷовуз накардааст, аммо байни солҳои 2016 то 2019 ин рақам ба ҳудуди 50 миллион доллар дар сол афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши мунташир шуда тавассути Созмони гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар ба 44 миллион доллар дар сол болиғ гардидааст, ки ин рақам аз афзоиши 3 баробарии тиҷорат миёни Эрон ва Қирғизистон ҳикоят дорад ва ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз коршиносони иқтисодӣ бар ин боваранд, ин адад ба ҳеҷваҷҳ дар ҳадди зарфиятҳои ду кишвар дар ҳавзаи иқтисодӣ нест.

Бо таваҷҷуҳ ба гуфтугуҳои анҷом шуда миёни мақомҳои ду кишвар, ба хусус баргузории комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангии ду кишвар, ки дар соли гузаштаи милодӣ дар Теҳрон баргузор шуд, интизор меравад ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрон ва Қирғизистон ба рақами 100 миллион доллар дар сол болиғ гардад.

Ба унвони мисол дар соли гузаштаи милодӣ, дар ҳошияи иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар авоили моҳи ноябри соли гузаштаи милодӣ дар Тошканд баргузор шуд, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳури Эрон ва Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, нахуствазири Қирғизистон дидор ва дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф бавижа нафт ва газ, ҳамлу нақл, гардишгарӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Бадеҳист, ки дар сурати таҳаққуқи ҳамкориҳои иқтисодии Теҳрон ва Бишкек дар заминаҳои энержӣ ва умури гардишгарӣ, тардиде нест, ки таҳаққуқи дастёби ба ҳаҷми мубодилоти тиҷории мутақобил ба рақами сад миллион доллар қобили дастрас аст.

Дар ҳамин иртибот, Нуриддин Мамбитов, коршиноси Қирғизистон дар масоили сиёсӣ ва умури амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ, мегӯяд, дар заминаи гардишгарӣ Қирғизистон аз имкони воқеӣ барои муаррифии тарҳҳои сармоягузорӣ ба тарафи эронӣ бархурдор нест. Дар ин замина дар воқе, судовартарин бахшҳои санъати гардишгарии Қирғизистон бавижа минтақаи тафреҳии дарёчаи Исиқ кул, дар контроли гурӯҳҳои маҳаллӣ қарор дорад. Дар чунин шароите содироти маҳсулоти кишоварзӣ Қирғизистон ба Эрон дар кутоҳмуддат метавонад воқеитарин бахши ҳамкориҳои иқтисоди Бишкек бо Теҳрон қаламдод шавад.

Албатта бояд гуфт, маҳдудиятҳои санъати гардишгари Қирғизистон дар ҳоле аст, ки ҳамасола миллионҳо эронӣ ба манзури сафар ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон довталаб мешаванд. Тайи чанд соли гузашта, Туркия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва бархе аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ аз гардишгарони эронӣ пазироӣ кардаанд.

Ба рағми бархе маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, тардиде нест, ки тайи чандсоли гузашта, фуқдони шинохти кофии фаъолони иқтисодии Эрон ва Қирғизистон нисбат ба зарфиятҳои фимобин аз ҷумла бузургтарин мавонеъи оғози ҳамкориҳои мутақобили тиҷорӣ ва таҳаққуқи аҳдофи комиссияҳои муштараки иқтисодии ду кишвар будааст.

Дар ҳамин иртибот, ҳамчунин нақзи расонаҳои ду кишварро набояд нодида гирифт. Дар ҳақиқат, нақши расонаҳо ва дипломосии умумӣ барои ироаи тасвире равшан аз ду кишвари Эрон ва Қирғизистон метавонад ба густариши ҳарчи бештари равобити иқтисодии Теҳрон ва Бишкек кумак кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба заминаҳои мутанаввеи ҳамкории дуҷониба ва вуҷуди муштаракоти фаровони таърихӣ, дар айни ҳол, узвияти муштараки Эрон ва Қирғизистон дар созмонҳо ва ташаккулҳои минтақаи ва байналмилалӣ, коршиносон чашмандози ҳамкориҳои Теҳрон ва Бишкекро бисёр равшан ва умедворкунанда медонанд.

 

Барчасп