Интиқоди Рӯҳонӣ аз "терроризми ҳавоӣ"-и Амрико
(last modified Wed, 29 Jul 2020 08:36:02 GMT )
Июл 29, 2020 13:36 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Рӯҳонӣ аз

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳдиди ҳавопаймои мусофирбарии Эрон аз сӯи ҷангандаҳои амрикоиро маҳкум кард ва хостори бархурди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон ба хатар андохтани ҷони мусофирони ҳавопаймои мусофирбарии эронӣ аз сӯи ҷангандаҳои амрикоиро дар фазои куридури байналмиллалӣ, "терроризми ҳавоӣ" хонд ва аз Созмони байналмиллалии ҳавонавардии ғайринизомӣ (ИКАО), Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ва ҳамаи кишварҳо хост бо ин иқдоми террористии давлати Амрико бархурд кунанд.

Рӯҳонӣ афзуд: Ин шайтанати давлати Амрико нишонгари шикасти сиёсатҳои зиддиэронӣ аст ва барои онҳо танҳо як роҳ монда ва он иҷрои ҳақ, қонун, тавофуқ ва муқаррарот ва ҷуброни хисоратҳо ба мардуми Эрон аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо ишора ба талоши амрикоиҳо барои идома ёфтани таҳримҳои таслиҳотии Эрон гуфт: Амрикоиҳо барои пайгирии як қатънома алайҳи Эрон, субҳ то шаб мисли даллолҳо аз Кохи Сафед роҳ афтодаанд ва то имрӯз муваффақияте ба даст наёварданд албатта агар рӯзе ҳам муваффақ шаванд, Эрон посухи қотеъе ба онҳо медиҳад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт бо вуҷуди таҳримҳо, содироти Эрон ба кишварҳои минтақаи АвруОсиё 63 дарсад афзоиш дошта ва ин нишон медиҳад, ки душман натавониста иқтисоди Эронро мутаваққиф кунад.

 

Барчасп