Эрон:Муносибатҳои дипломатии Абу-Дабӣ ва Тель-Авив, ҳамоқати роҳбурдӣ аст
(last modified Fri, 14 Aug 2020 12:08:02 GMT )
Август 14, 2020 17:08 Asia/Dushanbe
  • Эрон:Муносибатҳои дипломатии Абу-Дабӣ ва Тель-Авив, ҳамоқати роҳбурдӣ аст

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани барқарории равобити дипломатии байни Аморот ва режими саҳюнистӣ, онро ҳамоқати роҳбурдӣ донист, ки бидуни тардид ҳосили он тақвияти меҳвари муқовимат дар минтақа хоҳад буд.

Дар пайи талошҳои бевақфаи «Доналд Трамп» Раиси Ҷумҳурии Амрико барои тасҳили раванди оддисозии равобити байни Аморот ва режими саҳюнистӣ, ду тараф бар сари оддисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд. 
 
 Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар баёниае эълом кард, мардуми мазлуми Фаластин ва ҳамаи миллатҳои озодаи ҷаҳон ҳаргиз оддисозии равобит бо режими  ғосиб ва ҷиноятпешаи Исроил ва ҳамдастони бо ҷиноёти он режимро нахоҳанд бахшид. 
 
 Ин баёния меафзояд, бидуни тардиди хунҳои ба ноҳақ рехта шудаи ҳафт даҳаи муқовамат барои озодии сарзамин имуқаддаси Фаластин ва қиблаи аввали муслимин, дер ё зуд гиребони хиёнаткорон ба ормони Фаластинро хоҳад гирифт. 
 
Дар идомаи ин баёния омадааст, Эрон иқдоми нангини Абу-Дабӣ барои оддисозии робита бо режим ҷаълӣ, номашруъ ва зиддибашарии саҳюнистиро иқдоме хатарнок медонад ва бо ҳушдор дар бораи ҳаргуна дахолати режими саҳюнистӣ дар муодилоти минтақаи Халиҷи Форс, эълом мекунад, ки давлати Аморот ва дигар давлатҳои ҳамроҳ бояд масъулияти тамоми авоқиби ин иқдомро бипазиранд. 
 
 Вазорати умури хориҷаи  Эрон таъкид кард, таърих нишон хоҳад дод чи гуна ин иштибоҳи роҳбурдӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ ва ин ханҷаре, ки ба ноҳақ аз сӯи Аморот бар пушти мардуми Фаластин ва куллияи мусулмонон ворид омад, мунҷар ба тақвияти меҳвари муқовамат шуда ва иттиҳод ва ҳамбстагӣ алайҳи режим саҳюнистӣ ва муртаҷаъини минтақаро ба авҷ хоҳад расонд. 
 
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин баёния ба ҳокимоне, ки аз қасрҳои шишаии худ чанг ба сурати Фаластинён ва дигар мардуми мазлуми минтақа мисли Яман мекашанд тавсия кардааст ба худи оянда ва дар ташхиси дӯстон ва душманони худ ба бероҳа нараванд.

Барчасп