Паёми уламои суннии Эрон ба ҷаҳони ислом дар бораи тавофуқи Аморот ва Исроил
(last modified 2020-08-24T13:08:24+00:00 )
Август 24, 2020 18:08 Asia/Dushanbe
  • Паёми уламои суннии Эрон ба ҷаҳони ислом дар бораи тавофуқи Аморот ва Исроил

Уламои аҳли суннати Эрон имрӯз дар баёнияе хитоб ба уламо ва андешамандони ҷаҳони ислом, тавофуқи давлати Аморот бо режими саҳюнистиро нангин хонданд ва ба эҷоди ваҳдат ва ҷилавгирӣ аз тафриқа ва азҳамгусастагии мазҳабӣ дар ҷаҳони ислом таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Эрон пресс , дар пайи талошҳои Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико барои тасҳили раванди оддисозии равобити байни Аморот ва режими саҳюнистӣ , панҷшанбеи гузашта  ду тараф бар сари оддисозии комили равобити диплумотик ба тавофуқ  расиданд  .
Уламои  аҳли суннати Эрон  имрӯз дар баёнияе аз уламоии ҷаҳони исломӣ хостаанд бо амал ба рисолати динӣ ва инсонии худ зимни радди ин тавофуқи нангин ва шармовар, дар шиносондани ҳар чӣ бештари сиёсатҳои амрикоӣ ҷиноятпеша ва режими кӯдаккуши Исроил , уммати исломиро ба ҳушёрии комил ва истодагӣ пои ормони муштараки Фаластини азиз фарохонанд .
Ин баёния  зимни маҳкум кардани иқдоми ахири давлати Аморот меафзояд : нанг  бод бар хиёнаткороне, ки бо сарсахттарин душманони ислом ва Паёмбари ислом  салавотуллоҳи алайҳ  дасти дӯстӣ медиҳанд ва муҳри худфурушӣ ва таслимро то абад бар пешонии худ мезананд .
 уламоии аҳли тасаннуни Эрон дар баёнияи худ ёдовар шудаанд, ки истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизми байналмилал дар ин солҳои тӯлонӣ лаҳзае аз тавтеа ва шарар барои ҳувиятзудоӣ аз Қудси шариф ва исломияти сарзамини паёмбарони бузурги илоҳӣ, яъне Фаластини азиз даст барнадошта ва дар ин миён хиёнати бархе сардамдорони кишварҳои исломӣ оташи ин фитнаи бузургро шуълавартар сохта ва мазлумияти Фаластину мардуми шарифашро сад чандон кардааст .
 Дар поён  ибрози умедворӣ шудааст, ки уммати исломӣ дар канори рӯҳонияти мутааҳҳиду огоҳ, дар ҳимоят аз Фаластину ҳуқуқи мардуми мазлуми он ба по хоста ва бо тасмими  қотеъ , иҷоза надиҳанд хиёнатҳои бархе давлатҳои муртаҷаъ, хуни шуҳадо ва ранҷи ҳаштодсолаи муҷоҳидони фии сабили аллоҳро ҳадар диҳад .

Барчасп