Хотираи ҷолиби хабарнигори эронӣ аз мусоҳиба бо Горбачёв
Сентябр 18, 2020 18:59 Asia/Dushanbe
Муҳаммади Соҷидӣ-хабарнигори эронӣ нуктаҳои ҷолиберо дар бораи мусоҳиба бо охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ баён кардааст.
Соҷидӣ мегӯяд вақте чанд сол пас аз фурӯпошии Шӯравӣ бо Горбачёв мусоҳиба кард, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ ба ӯ гуфт,ки агар ба гузашта бармегашт як бори дигар номаи Имом Хумайнӣ-бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ӯро мутолиа мекард.
Имом Хумайнӣ дар аввали январи соли 1989 дар номае ба Михаил Горбачёв, марги марксизм ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро пешбинӣ карданд.