Руҳонӣ интихоби дубораи Эмомалӣ Раҳмонро ба симмати раёсати ҷумҳурӣ табрик гуфт
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар паёме интихоби муҷаддади Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Ҳасан Руҳонӣ дар паёме табрики худ хитоб ба Раиси Ҷумҳурии мунтахаби миллати Тоҷикистон ибрози итминон кардааст : бо иноят ба иштирокоти фарҳангӣ ва торихии ду кишвари дӯсту бародар, дар давраи ҷадиди масъулияти он ҷаноб муносиботи ҳамаи ҷонибаи ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷиҳати таъмини манофеъи муштарак ва таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ беш аз пеш густариш ёбад .
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар поён аз худованди мутаол, саломатӣ ва муваффақияти ҳамтоии тоҷикистониаш ва иззату сарбаландии мардуми ин кишварро хостор шудааст .
Бино бар эъломи комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии феълии ин кишвар бо касби 90 . 1 дарсади оро ба муддати ҳафт соли дигар дар мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монд .