Эъломи омодагии Эрон барои иттисоли хати лӯлаи газ ба Афғонистон
(last modified Mon, 19 Oct 2020 13:27:57 GMT )
Октябр 19, 2020 18:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳасан Руҳонӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар имрӯз дар Теҳрон дидор карданд
    Ҳасан Руҳонӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар имрӯз дар Теҳрон дидор карданд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон омодагӣ дорад, ки бо иттисоли хати лӯлаи газ ва фаровардаҳои нафтӣ ба Афғонистон имкони истифодаи мардуми ин кишвар аз ин энержиҳоро фароҳам кунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Ҳасан  Руҳонӣ рӯзи душанбе дар дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси шӯрои  олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Теҳрон аз ифтитоҳи роҳи оҳани Хаф-Ҳирот хабар дод ва афзуд: "Пайвасти роҳҳои оҳани Эрону Афғонистон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишварро тақвият хоҳад дод."

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози хурсандӣ аз талошҳо барои барқарории сулҳу субот дар Афғонистон гуфт: муҳим ин аст, ки мардуми ин кишвар  баъд аз солҳо ҷангу даргирӣ ба сулҳи  воқеӣ барои ҳифзи дастовардҳои худ даст ёбанд ва роҳи ҳалли ин мушкил низ гуфтугӯҳои сиёсӣ ва музокираи байни афғонҳо аст.

Вай бо ҳимоят аз талошҳои анҷомшуда барои барқарории сулҳ, субот ва амният дар Афғонистони афзуд: сулҳ, субот ва амнияти пойдор дар Афғонистон ба унвони кишвари ҳамсоя ва бародар барои Ҷумҳурии Исломии Эрон  аҳамияти вижа дорад ва миллату давлати Эрон ҳамвора дар канори миллату давлати Афғонистон буда ва хоҳад буд.

Руҳонӣ бо баёни ин ки дахолат ва ҳузури Амрико ба унвони як кишвари мутаҷовиз дар Афғонистон бо хосту назари мардуми ин кишвар ҳамсу набудааст изҳор кард: Давлати Амрико, ки дар сиёсатҳои худ дар минтақа ва ҷаҳон  шикаст  хӯрда ва муваффақияте надоштааст, ба дунболи баҳрабардории интихоботӣ аз музокироти сулҳ дар Афғонистон аст.

 

- қадрдонии Абдуллоҳ аз мавозеи  Эрон дар хусуси таҳаввулоти Афғонистон

Дар ин дидор Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳо ва мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар хусуси таҳаввулоту талошҳо барои барқарории сулҳу амнияти пойдор дар Афғонистони ибрози умедворӣ кард : бо ҳимоят ва мавозеи Эрон, музокироти сулҳи Афғонистон ва барқарории амният ва оромиши пойдор дар ин кишвар ба натиҷа бирасад .

Раиси шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин аз мизбонии Эрон аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар солҳои мутамодии ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар қадрдонӣ кард ва афзуд: дидорҳои хубе бо мақомоти Эрон дар сафар ба Теҳрон анҷом шуд ва тавофуқоти ду кишвар дар заминаҳои мухталиф низ пайгирӣ хоҳад шуд.

 бештар  бихонед: