Вокуниши раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иҳонати мақомоти фаронсавӣ ба пайёмбари ислом (с)
(last modified 2020-10-28T09:22:19+00:00 )
Октябр 28, 2020 14:22 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҷои таъаҷҷуб дорад касоне, ки иддаои фарҳангу демокрасӣ доранд дигаронро ба хушунату хунрезӣ ташвиқ мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон афзуд: Бе эҳтиромӣ ба як паёмбар на танҳо ҳунар нест балки ҳаракате зидди ахлоқӣ, ташвиқ ба хушунат ва таҳрики эҳсосоти миллиардҳо мусулмон ва ғайри мусулмон аст.

Рӯҳонӣ аз онҳое, ки дар ин масир иштибоҳ кардаанд хост ҳар чи зудтар иштибоҳи худро ҷуброн кунанд ва ба масири адолат, ахлоқу эҳтиром ба ақидаҳои ҳамаи динҳои осмонӣ баргарданд.

Раиси ҷумҳури Эрон афзуд: Пайёмбари ислом (с) ба гардани так таки аврупоиҳо ва ҳамаи онҳое, ки дар шарқу ғарб зиндагӣ мекунанд ҳақ дорад; ишон муаллими башарият будаву ҷои таъаҷҷуб аст кишварҳое, ки иддаои озодӣ, ҳуқуқ ва қонун доранд мардумро ба тавҳин ба ҳамдигар ва тавҳин ба касоне ташвиқ кунанд, ки мардум бо ҳамаи вуҷуд ба онон ишқ меварзанд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки тамомии мушкилот ва кинаҳое, ки дар дилҳо эҷод шуда ба далели зулм, озору мудохилаи нобаҷои Ғарб дар умури мусулмонҳо дар тӯли таърих будааст идома дод: Ғарб, Аврупо ва Фаронса агар воқеан рост мегӯянд, ки ба дунболи ҳоким шудани сулҳ, бародарӣ, сафо ва амният дар ҷомеъаи башарӣ ҳастанд, бояд аз дахолат дар умури дохилии мусулмонон даст бардоранд.

Вай намунаи бориз ва ошкори ин мудохилаи нобаҷоро вазъияти Яман донист, ки мардуми фақиру гирифтори ин кишвар, зери бомбҳои ғарбиҳо ва ҳавопаймоҳое, ки Ғарб дар ихтиёри кишварҳои мутаҷовиз қарор доданд аз байн мераванд .

Рӯҳонӣ бо ибрози хурсандӣ аз вокуниши ба мавқеи қотеъи дунёи ислом ба суханони норавои бархе аз мақомоти ғарбӣ гуфт: Ин аксулъамали бисёр ба мавқеъ ва қотеъ нишон медиҳад, ки дунёи ислом ҳамвора пайрави роҳбари бузурги худ пайёмбари азимушшаъни ислом (с) хоҳад буд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп