Ноябр 03, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • 422 бемори коронаӣ дар 24 соати гузашта дар Эрон ҷон бохтанд
    422 бемори коронаӣ дар 24 соати гузашта дар Эрон ҷон бохтанд

Ҷон бохтани 422 бемори коронаӣ дар 24 соати гузашта дар Эрон шумори қурбониёни ин бемориро дар ин кишвар ба 36 ҳазору 160 нафар расонд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта ҳашт ҳазору 932 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар ин кишвар шиносоӣ ва аз ин теъдод се ҳазору 294 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 637 ҳазору 712 нафар расидааст.

Ҳамчунин то кунун 495 ҳазору 473 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 47 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 212 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 34 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 


 

Бештар бихонед:

 


 

Барчасп