Солрӯзи валодати Ҳазрати Зайнаб (с) муборак бод
(last modified Sat, 19 Dec 2020 16:34:37 GMT )
Декабр 19, 2020 21:34 Asia/Dushanbe

20 декабри соли 2020 баробар бо 5 ҷумодул аввали соли 1442 ҳиҷрӣ-қамарӣ, солрӯзи валодати Ҳазрати Зайнаби Кубро саломуллоҳи алайҳо аст.

Ҳазрати Зайнаб саломуллоҳи алайҳо духтари бузургвори Ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва наводаи гиромии  Расули худо (с ) ба унвони улгӯ ва усва  барои  тамомии занону мардони озодихоҳ ва зулмситез дар ҳамаи замонҳо матраҳ аст.

Шерзани Карбало ва қаҳрамони бузурги торих, ки дар канори бародари бузургворшон Ҳазрат Имом Ҳусайн ( а ) бо ҷараёни инҳирофии замони худ мубориза карданд ва сабурона ва диловарона парчами хунхоҳии шаҳиди Карбалоро бар саросари олам барафроштанд.

Ҳазрат Зайнаб саломуллоҳи алайҳо, ки пас аз шаҳодати Ҳазрати Имом Ҳусайн (а ) дар сахттарин шароит дар баробари ҷинояткорону ситамгарон истоданду бо суханони кубандаи хеш душманони исломро расво карданд. Зане мутаъаллиқ ба ҳамаи давронҳо ва улгӯе барои ҳамаи озодихоҳон ва озодагон аст.

Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрӯзи валодати Ҳазрати Зайнаби Кубро саломуллоҳи алайҳо бонуии қаҳрамони исломро, ки дар Эрон ба номи рӯзи парастор номгузорӣ шудааст ба ҳамаи мусулмонон табрик мегӯяд.