Сафири Эрон дар Русия: Теҳрон ва Маскав омодаи ҳамкорӣ барои тавлиди ваксинаи корона ҳастанд
(last modified 2021-01-03T15:52:59+00:00 )
Январ 03, 2021 20:52 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Русия: Теҳрон ва Маскав омодаи ҳамкорӣ барои тавлиди ваксинаи корона ҳастанд
    Сафири Эрон дар Русия: Теҳрон ва Маскав омодаи ҳамкорӣ барои тавлиди ваксинаи корона ҳастанд

Сафири Эрон дар русия аз ҳамкории Теҳрон ва Маскав дар арсаи тавлиди ваксинаи корона хабар дод.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА,  сафири Эрон дар Русия Козим Ҷалолӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Известия" -и чопи Маскав гуфт: Муқаддамоти лозим барои баргузории нишасте бо ҳузури мақомоти беҳдошту дармони ду кишвар дар заминаи ҳамкорӣ дар арсаи тавлиди ваксинаи корона дар ҳоли анҷом аст.

Сафири Эрон дар Маскав ҳамчунин бо ёдоварӣ гуфтугӯи телефонии  Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳасан Руҳонӣ  бо Раиси ҷумҳурии Русия  Владимир Путин  дар апрелу октябри 2020 афзуд: раисони ҷумҳурии ду кишвар бар ҳамкорӣ дар арсаи тавлиди ваксинаи корона ва табодули таҷрибиёт дар ин замина таъкид карданд.

Ноиби раиси аввали маҷлиси шӯроии исломии Эрон Амирҳусейн Қозизодаи Ҳошимӣ низ декабри 2020 дар гуфтугӯ бо расонаҳои русӣ гуфта буд, ки Эрон ва Русия барои эҷоди маркази муштараки тавлиди ваксинаи корона бо якдигар музокира мекунанд.

Русия токунун ду ваксинаи зидди корона сохтааст, ки " Спутник Ви " ваксинаи нахусти ин кишвар дар ваксинатсияи умумӣ дар Русия бакор гирифта мешавад.

Вируси корона омили бемории Ковиди 19 аз авохири соли 2019 дар шаҳри "Вуҳон"-и Чин мушоҳида ва дар муддати кӯтоҳе дар ҳамаи ҷаҳон мунташир шуд ба тавре, ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ феврали 2020 бурузи пандемияи ( ҳамагирии ҷаҳонӣ ) ин бемориро таъйид кард.

Бемории Ковиди 19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунун беш аз 85 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз як миллиону 800 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп