Эрон ҷинояти ДИИШ дар Балуҷистони Покистонро маҳкум кард
(last modified Sat, 09 Jan 2021 13:30:29 GMT )
Январ 09, 2021 18:30 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Эрон ба ҳамкории тамоми кишварҳои минтақа дар мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ даъват кард
    Вазорати умури хориҷаи Эрон ба ҳамкории тамоми кишварҳои минтақа дар мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ даъват кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон қатли 11 нафар аз коргарони маъдан дар иёлати Балуҷистони Покистон ба дасти террористҳои ДИИШ-ро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз идораи кулли итилоърасонӣ ва умур сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, Саид Хатибзода рӯзи шанбе гуфт: «Ин иқдоми ҷинояткорона, як бори дигар зарурати ҳамкории тамоми кишварҳои минтақаро барои мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ мавриди таъкид қарор медиҳад.»

 

Сухангӯи  дастгоҳи дипломатии Эрон таъкид кард: « Кишварҳои ҷаҳони ислом бо ҳамкории якдигар тамоми талоши худро бар нобудии бистарҳои фикрӣ ва молии гурӯҳҳои ифротӣ ва такфирӣ мутамарказ кунанду барои поён ёфтани хушунати зидди инсонҳои бегуноҳ аз динҳо ва мазҳабҳои мухталиф, монеъ аз идома ёфтани ҳимояти кишварҳои хос аз ин гурӯҳҳо шаванд.»

Созмони фарҳангу иртибототи исломии Эрон низ дар баёнияе куштори шиаёни Кувайт дар минтақаи Мочи Балуҷистони Покистонро маҳкуми кард.​​​​​​

Дар баёнияи созмони фарҳангу иртибототи исломӣ таъкид шудааст: «Дар давроне, ки ҷаҳони ислом беш аз ҳар замони дигар ба ваҳдату ҳамдилӣ ниёзманд аст, чунин ҳаводиси дардноке аз барномаи қаблӣ барои ҷудоии муъминони ҳамдили шиъа ва суннӣ аз якдигар нишон дорад.»

Террористҳои ДИИШ рӯзи сеюми январ 11 коргари маъдани ангиштсангро дар минтақаи Мочи Балуҷистони Покистони рабуданд ва сипас ба онҳо тир холӣ карданд.

 

Бештар бихонед: