Корона 97 нафари дигарро дар Эрон ба коми марг кашид
-
Маҷмӯи ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 56 ҳазору 457 нафар расидааст
Бо фавти 97 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон, теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар ин кишвар ба 56 ҳазору 457 нафар расидааст.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 317 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва 653 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос, маҷмӯи афроди мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 305 ҳазору 339 нафар расидааст, ки то кунун як миллиону 94 ҳазору 388 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Беморони Ковид -19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 92 миллион нафарро дар дунё мубтало кардааст ва беш аз як миллиону 972 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Бештар бихонед:
- Фавти 98 нафари дигар дар Эрон бар асари корона
- Пас аз 200 рӯз: Фавти рӯзона аз Ковид- 19 дар Эрон дурақамӣ шуд