Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо муовини Толибон дар Теҳрон дидор кард
(last modified 2021-01-27T16:32:42+00:00 )
Январ 27, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ бар зарурати мушорикати ҳамаи ақвом дар таъйини сарнавишти Афғонистон таъкид кард
    Шамхонӣ бар зарурати мушорикати ҳамаи ақвом дар таъйини сарнавишти Афғонистон таъкид кард

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо ҳайати сиёсии Толибон дар Теҳрон таъкид кард: Роҳбурди Амрико дар Афғонистон идомаи ҷангу хунрезӣ аст.

Ба гузориши дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Алии Шамхонӣ дар ин дидор бо ишора ба собиқаи шарорату ҷангафрӯзии Амрико дар минтақа гуфт: Амрико намоиши музокироти сулҳро бо ҳадафи эҷоди бунбаст дар музокироти миёни тарафҳои мухталифи афғонистонӣ дунбол мекунад то онҳоро муқассири ноамнӣ ва бесаботӣ нишон диҳад.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳечгоҳ ҷараёнеро, ки бихоҳад бо ҷанг дар Афғонистон ба ҳокимият бирасад, ба расмият нахоҳад шинохт, бар зарурати мушорикати ҳамаи ақвом дар таъйини сарнавишти Афғонистон дар раванде комилан мусолиматомез таъкид кард.

Шамхонӣ амнияти Афғонистон, ба вижа дар устонҳои ҳаммарз бо Эронро амре ғайриқобили чашмпӯшӣ барои Эрон донист ва бар ҳамкории Толибон бо давлати Афғонистон барои мубориза бо ҳар гуна ноамнӣ ва муқобила бо таҳаррукоти ДИИШ таъкид кард.

 

Бародар: Ба Амрико эътимод надорем

 

Мулло Абдулғанӣ Бародар низ дар ин дидор бо ироаи гузорише аз раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон ва бо ишора ба бадаҳдиҳои Трамп дар иҷрои тавофуқномаи сулҳ таъкид кард: Мо ба Амрико эътимод надорем ва бо ҳар ҷараёне ки муздури Амрико бошад, меҷангем.

Муовини дафтари сиёсии Толибон изофа кард: Мо муътақидем, ки дар ояндаи Афғонистон ҳамаи ақвому тоифаҳо бояд мушорикат кунанд.

Мулло Абдулғанӣ Бародар ҳамчунин бар аҳамияти ҳифзи амнияти марзҳои Афғонистону Эрон таъкид кард ва омодагии Толибонро барои ҳамкорӣ дар ин замина эълом кард.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини дафтари сиёсии Толибон рӯзи сешанбе дар сафаре расмӣ барои дидор бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп