Барпоии оини бузургдошти солрӯзи вуруди Ҳазрат Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон
(last modified Sun, 31 Jan 2021 12:02:14 GMT )
Январ 31, 2021 17:02 Asia/Dushanbe
  • 12 баҳман баробар бо 31 январи соли 2021 баробар аст, оғози даҳсолаи мубораки Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон
    12 баҳман баробар бо 31 январи соли 2021 баробар аст, оғози даҳсолаи мубораки Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон

Оини бузургдошти чилудуюмин солгарди вуруди таърихии Имоми роҳил ба Эрон рӯзи якшанбе бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ бо ҳузури масулони кишварӣ, лашкарӣ ва ҳамчунин намояндагони адёни илоҳӣ дар Ҳарами муттаҳари бунёнгузори ҷумҳурии исломӣ баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, иҷрои сурудҳои инқилобӣ бо ҳузури гурӯҳи марши артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, режаи моторӣ ва гулборони масири ҳаракати Ҳазрати Имом ( раҳ ) аз фурӯдгоҳи Меҳробод то биҳишти Заҳро ( с ) аз ҷумлаи барномаҳои имрӯз буд.

Сипас Ҳуҷҷатул ислом «Муҳамадҳасани Абутуробӣ Фард » имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо баршумурдани вижагиҳои инқилоби исломӣ ва мудирияти Ҳазрати Имом  Хумайнӣ ва ҷонишини эшон ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идораи умури кишварро олимона тавсиф кард.

Дар ин ойин ҳозирон бо сар додани шиорҳои инқилобӣ бо ормонҳои Имоми роҳили таҷдиди мисоқ карданд.

Имрўз якшанбе 12 баҳман баробар бо 31 январи 2021 мелодӣ оғози даҳаи мубораки фаҷри инқилоби исломии Эрон аст.

42 сол пеш дар чунин рӯзе Ҳазрат Имом Хумайнӣ ( рҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз понздаҳ сол дурӣ ва табъид аз ватан дар миёни истиқболи пуршӯри мардум қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

 

Бештар бихонед: