Сафири Эрон: Равобити Эрону Тоҷикистон таърихӣ ва рӯ ба густариш аст
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме ба муносибати чиҳилудувумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, равобити ду кишвари ҳамзабонро таърихӣ ва дар ҳоли густариш донист.
Ба гузориши торнамои Сафорати Эрон дар Душанбе, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёми худ навиштааст: “Миллати сарафрози Эрон, ки вориси яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарӣ аст, дар ҳоле чиҳилу дувумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ва Рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эронро ҷашн мегирад, ки дар тӯли беш аз чаҳор даҳаи гузашта, бо вуҷуди анвои фишорҳо, таҳримҳо ва таҳдидҳо, дар масири иҷрои аҳдофи баланди инқилоб, аз ҷумла истиқлол, озодӣ, адолатталабӣ ва пешрафт гомҳои баланде бардоштааст ва биҳамдиллоҳ кишвари Эрони азиз ҳамакнун яке аз кишварҳои муқтадиру пешрав дар ҷаҳон мебошад”.
Дар бахши дигаре аз паёми оқои Собирӣ омадааст: “Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони аввалин кишваре, ки сафорати худро дар шаҳри зебои Душанбе ифтитоҳ намуд, ҳамвора саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳову тавсеаву пешрафти Тоҷикистони азиз доштааст, ки аз ҷумла метавон ба иҷрои тарҳи зербиное назири нерӯгоҳи “Сангтӯда – 2”, нақби “Истиқлол” ва мушорикати ширкатҳои эронӣ дар тарҳи бузурги сад ва нерӯгоҳи “Роғун” ишора кард”.
Вай таъкид кард: Равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пайвандҳои куҳан ва гусастнопазири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ, таърихӣ ва динӣ бино шудааст ва чунон ки дар паёми табрикии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамтои эрониаш низ омада, ин равобит дар тамоми заминаҳо мавриди тавваҷуҳи тарафайн буда ва дар оянда низ густариши бештаре хоҳад ёфт.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе ҳамчунин ибрози умедворӣ кардааст, ки бо рафъи маҳдудиятҳои Ковид -19 равобит дар ҳамаи заминаҳо байни ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон тавсеа ёбад.
Дар рӯзи 22 баҳмани 1357 хуршедӣ, баробар бо 11 феврали 1979 мелодӣ инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (раҳ) ба пирӯзӣ расид.
Бештар бихонед:
- Паёмҳои шодбоши мақомҳои олирутбаи Тоҷикистон ба ҳамтоёни эронӣ
- Баргузории ҷашни 42 солагии инқилоби исломӣ ба шевае мутафовит