Муаррифии шеъри форсӣ дар донишгоҳҳои Ҳинд бо талоши Муассисаи шоирони порсизабон
Муассисаи шоирони порсизабон токунун 20 унвон китоб аз шоирони форсизабон аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Тоҷикистон мунташир кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдураҳим Саъидирод, шоир ва аз масъулони Муассисаи шоирони порсизабон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, ба осоре, ки ин муассиса барои муаррифии шоирони форсизабон мунташир кардааст, ишора кард ва гуфт: «Ин Муассисаи шоирон токунун 20 унвон китоб бо ҳамин ҳадаф мунташир кардааст, ки аз ин теъдод, панҷ унвон марбут ба шоирони форсизабони Ҳинд, се китоб аз шоирони Тоҷикистон ва ду асар низ аз шоирон Афғонистон будааст.»
Вай идома дод: «Ин осор ба манзури муаррифии шоирони форсизабон ошноӣ бо корҳои онҳо ва шинохта шудани ҷараёни шеъри муосир дар ҷомеаи донишгоҳии Ҳинд мунташир шуда ва дар дастраси алоқамандон қарор гирифтааст.»
Саъидирод ҳамчунин бо баёни ин ки чопи нахусти ин осор дар Деҳлии нав ва бо ҳамкории хонаи фарҳанги Эрон дар ин шаҳр мунташир шудааст аз чопи дувуми ин 20 унвон китоб дар ояндаи наздик хабар дод.
Бештар бихонед: