Оғози сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон
Сабти номи довталабони номзадии сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон субҳи имрӯз оғоз шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, толори бузурги Вазорати кишвари Эрон аз соати 8 субҳи имрӯз ба рӯи довталабони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ боз шуд ва ин афрод то рӯзи шанбеи оянда ба муддати 5 рӯз фурсат доранд довталабии худро дар ин интихобот дар вазорати кишвар сабт кунанд.
Бар асоси модаи 35 қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, довталабон ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҷузъи риҷоли мазҳабӣ, сиёсӣ, асли эронӣ, тобеъи кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, мудир ва мудабир, дорои собиқаи хуб, амонат ва тақво ва мӯъмину муътақид ба мабоонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мазҳаби расмии кишвар бошанд.
Пас аз поёни сабти номҳо, дар марҳалаи баъдии интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, шӯрои нигаҳбон ба муддати 5 рӯз салоҳияти довталабони номзадӣ дар интихоботро баррасӣ ва эълом хоҳад кард ва номҳои номзадҳои таъйиди салоҳиятшуда аз сӯи вазорати кишвари Эрон эълом хоҳад шуд то мардум номзадҳои ниҳоии интихоботро бишиносанд ва дар бораи онҳо тасмимгирӣ кунанд.
Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 28 хурдод (ҳаждаҳуми июн ) баргузор хоҳад шуд.
Давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон 4 сола аст ва ҳар раиси ҷумҳурӣ метавонад ду давраи пай дар пай дар интихобот ширкат кунад.