Май 15, 2021 18:07 Asia/Dushanbe
  • Сездаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи 18 июн баргузор мешавад
    Сездаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи 18 июн баргузор мешавад

Дар панҷумин ва охирин рӯзи сабтиноми сездаҳумини давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, чанд чеҳраи саршиноси сиёсӣ сабти ном карданд.

Иброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон имрӯз бо ҳузур дар ситоди интихоботи кишвар барои номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 18 июни 2021 сабтином кард.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон низ дигар чеҳраи сиёсии матраҳе буд, ки рӯзи шанбе сабтином кард.

Алии Лориҷонӣ, раиси пешини Маҷлиси Шӯрои Исломӣ низ имрӯз бо ҳузур дар ситоди интихобот номи худро сабт кард.

Саиди Ҷалилӣ ва Муҳсини Ризоӣ, аъзои Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, Масъуди Пизишкиён, намояндаи Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон, Муҳсини Ҳошимӣ, раиси Шӯрои шаҳри Теҳрон ва фарзанди Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз муҳимтарин чеҳраҳои ҷумҳурии исломӣ, Аббоси Охундӣ, вазири собиқи роҳ ва шаҳрсозӣ ва Иззатуллоҳи Зарғомӣ, раиси собиқи садо ва симои ҷумҳурии исломӣ аз дигар чеҳраҳои маъруфе буданд, ки дар рӯзи охир сабтином карданд.

Ҳамчунин хонуми Заҳро Шуҷоӣ, фаъоли сиёсии ислоҳталаб бо ҳузур дар ситоди интихобот барои номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон сабтином кард.

Дар чаҳор рӯзи қабл 304 нафар барои номзадӣ дар сездаҳумини давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрони сабтином карданд.

Дар поёни муҳлати қонунии сабтином аз довталабон, Шӯрои нигаҳбон дар муддати 5 рӯз бо баррасии парвандаи довталабон, номи тайиди салоҳият шудагонро эълом мекунад, то онон вориди майдони рақобат шаванд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп