Ҳамоҳангкунандаи музокироти Вена: Мо ба як тавофуқ наздиктар шудаем
(last modified Wed, 16 Jun 2021 06:42:35 GMT )
Июн 16, 2021 11:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоҳангкунандаи музокироти Вена: Мо ба як тавофуқ наздиктар шудаем

Ҳамоҳангкунандаи Иттиҳоди Аврупо дар музокироти БарҶом аз наздик шудан ба як тавофуқ хабар дод.

Энрике Мора, ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодия Аврупо дар музокироти БарҶом дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълом кард, мо аз ончӣ ки қарор доштем ба як тавофуқ наздиктар шудем, аммо намегӯям, ин даври охири музокирот аст.

Вай афзуд, фикр намекунам интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, ки рӯзи ҷумъа баргузор мешавад, таъсире бар раванди музокирот дошта бошад.

Гуфтанист, соате пеш низ вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ки бархе аз масоили ҳал нашуда ҳамчунон дар музокироти Вена дар хусӯси эҳёи БарҶом вуҷӯд дорад.

Дар ҳамин росто, Доминик Робб, вазири хориҷаи Британия рӯзи сешанбе бо иддаои инки Эрон ба таври систематӣ ба БарҶом пойбанд набуда ва Лондон дар ҳоли кор бо шарикони аврупоӣ ва Амрико ба ҳамроҳи Чин ва Русия аст, бозгашти Эрон ба пайбандии комили БарҶом-ро хостор шуд.

Вай бо ишора ба инки дар гуфтугӯҳои Вена пешрафтҳое бавуҷӯд омадааст, афзуд, тазмине барои як натиҷаи муваффақиятомез вуҷӯд надорад.

Лондон дар ҳоле аз зарурати ҳифзи БарҶом сухан гуфтааст, ки тарафҳои аврупоии БарҶом бо кӯтоҳиҳои мукаррар дар амал ба тааҳҳудоти худ зайли БарҶом бавижа пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз ин тавофуқ дар майи 2018 БарҶом-ро дар шароити бисёр душворе қарор додаанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар вокуниш ба адами пайбандии Аврупо дар иҷрои тааҳҳудоташ зайли БарҶом иқдом ба коҳиши тааҳҳудоти ҳастаии худ кардааст.

Бар асоси бандҳои 26 ва 36 БарҶом, дар сӯрати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ, Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.

Эрон таъкид кардааст, дар сӯрати рафъи таҳримҳо ва мутанафеъ шудани Эрон аз манофеъи БарҶом, омодаи бозгашт ба тааҳҳудоти Барҷом -ии худ аст.

 

Бештар бихонед: