Июн 28, 2021 16:33 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Мардум дар интихобот шикасту нокомиро насиби душманони Эрон карданд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Мардуми Эрон дар шароити коронаӣ ва душвориҳои иқтисодӣ ба унвони барандагони аслии интихобот, шикасту нокомиро насиби душманони Эрон ва аносури вобаста ба онон карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар дидори раис ва масъулони Қувваи қазоияи Эрон, ки ба муносибати ҳафтаи Қувваи қазоия баргузор шуд, фаъолияти ҳазорон дастгоҳи таблиғотӣ, аз ҷумла расонаҳои амрикоӣ, англисӣ ва бархе кишварҳои муртаҷеъ ва расвоиҳову бакоргирии теъдоде аз аносури хоини эронӣ барои мунсариф кардани мардум аз ҳузур дар интихоботро дар дунё бесобиқа донистанд ва афзуданд: Онҳо ба бархе баҳонаҳо монанди мушкилоти маишатӣ ё баъзе ҳаводисе, ки баъдан рух дод, монанди баҳси эҳроз ё адами эҳрози салоҳиятҳо низ умед баста буданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ масъалаи корона ва таъсири ҳудуди 10 дарсадии он бар мушорикат бар асоси муҳосиботи коршиносонро ёдовар шуданд ва афзуданд: Бо вуҷуди ҳамаи ин масоил, мардум бо суфуфи пуршӯру изҳороти пурангезаи худ аз соатҳои аввали субҳ, ҳамосаи азим ва воқеӣ офариданд ва мушти муҳкаме бар синаи таҳримкунандагону мухолифону муоризони интихобот заданд.

Эшон бархе ҳаводис дар ҷараёни интихоботро мояи таҷриба ва ибрат донистанд ва гуфтанд: Дар мунозираҳо танаввуи салоиқ мушоҳида шуд, дар айни ҳол ҳамаи номзадҳои муҳтарам бар хилофи илқои душман дар ин масъала ҳамназар буданд, ки мушкилоти иқтисодии кишвар роҳи ҳал дораду бунбасте вуҷуд надорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ёдоварии рақобатҳои интихоботӣ дар Амрико ва фаҳҳошии номзадҳо зидди якдигар афзуданд: Амрикоиҳо сармашқҳои хубе нестанд, бинобарин дар масоили сиёсӣ бояд бо риояти адабу ҷиҳоти ахлоқиву шаръӣ ва бидуни иҳонату тӯҳмат сухан гуфт, на ин ки аз шеваҳои фаҳҳошӣ ва иҳонати амрикоиҳо ва Трамп истифода кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба суханони як мақоми амрикоӣ дар бораи интихоботи Эрон гуфтанд: Интихоботи Амрико дар чашми ҳамаи дунё муфтазеҳ шуд, ҳоло ҳамон муфтазеҳон баъд аз чанд моҳ забон дароварда ва аз интихоботи Эрон эрод мегиранд, дар ҳоле ки онҳо бо он ифтизоҳ дигар набояд як калима роҷеъ ба интихобот ҳарф бизананд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин шаҳид оятуллоҳ Биҳиштиро олиме мутафаккиру назарияпардоз, шахсияте барҷаста ва ҳақиқатан инқилобӣ, муъмин ва бисёр муассир хонданд ва афзуданд: Шаҳид Биҳиштӣ бо поягузории кори душвору бузурги эҷоди додгустарии исломӣ ва нақшофаринӣ дар тадвини қонуни асосӣ ҳаққи бузурге бар гардани кишвар ва миллат дорад ва ин ҳақ бояд шинохта ва адо шавад.

Эшон бо ишора ба ҷинояти фоҷеабори Мунофиқин дар ба шаҳодат расондани оятуллоҳ Биҳиштӣ ва ҳудуди 70 нафар аз шахсиятҳои мумтози дигар гуфтанд: Ин қотилҳо сароҳатан ба ин ҷинояти бузург эътироф кардаанд, аммо имрӯз бо ҳимояти Фаронсаву дигар кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар озодона фаъолият мекунанд, ки инсон аз вақоҳати ғарбиҳо дар иддаоҳои ҳуқуқи башарӣ ва додани трибун ва ҳимоят аз ин террористҳо ҳайрат мекунад.

 

Барчасп