Август 28, 2021 15:10 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Мутолибаи давлати кунунии Амрико ҳамон мутолибаи Трамп аст/ дар Афғонистон тарафдори мардум ҳастем

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фармуданд, давлати кунӯнии Амрико ҳеҷ фарқе бо давлати қаблӣ надорад. Мутолибаи инҳо ҳамон мутолиба Трамп аст ва ҳеҷ тафовуте накардааст. Дар пушти саҳнаи сиёсати хориҷии Амрико як гурги даранда аст, ки бархе мавоқеъ ба як рӯбоҳи ҳилагар тағйир мекунад. Намунааш вазъияти имрӯзи Афғонистон аст.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар дидор бо раисиҷумҳури ҷадиди Эрон ва вазирони кобинаи давлати ҷадид, гуфтанд, асоси ҳукӯмати исломӣ ва Ҷумҳурии исломӣ бар иқомаи адл аст. Ҳамчунон ки асоси ҳамаи адён бар иқомаи адл аст. Худои мутаъол мефармояд, ки мо Пайғомбаронро фиристодем, китобҳои осмониро фиристодем «Бар мардум аст, ки барои барпоии адл қиём кунанд» аслан барои инки мардум қиём ба қист кунанд, ҷомеъа, ҷомеъаи адолатомез бошад. Хуб дар ин заминаҳо мо хеле бояд кор кунем. Ақибем. Хеле бояд талош кунем. Ба назари ман ҳар мусаввабае, ки шумо тасвиб мекунед, ҳар лоиҳае, ки дар давлат танзим мекунед, ҳар бахшномае, ки худи шумо дар дастгоҳи худатон содир мекунед, як пайвасти адолат бояд дошта бошад. Бояд муроқиб бошед ин равиш, ин кор, ин дастур зарбае ба адолат назанад. Табақоти мазлӯмро поймол накунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, масаълаи эҳёи эътимоди мардуму умеди мардум бисёр муҳим аст. Чун эътимоди мардум бузургтарин сармояи давлат аст. Мардум вақте ба шумо эътимод карданд ва умед ба шумо доштанд бо шумо роҳ меоянд, кумактон мекунанд. Ин бузургтарин сармоя аст барои як давлат, ки битавонад эътимоди мардумро ҷалб кунад, ки хуб албатта ин мутаасифона як миқдоре осебдида, инро бояд тармим кунед инро ва роҳкораш ҳам ин аст, ки ҳарфу амали масъулин яке бошад.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар бахши дигаре аз суханони худ ба аҳдшиканиҳои Амрико ишора карданд ва гуфтанд, амрикоиҳо муддатҳо музокираро зери по гузоштанд ва амал накарданд. Давлати кунӯнии Амрико ҳам ҳеҷ фарқе бо давлати қаблӣ надорад. Мутолибаи инҳо ҳамон мутолиба Трамп аст ва ҳеҷ тафовуте накардааст. Инсофан дар пушти саҳнаи сиёсати хориҷии Амрико як гурги даранда аст, ки бархе мавоқеъ ба як рӯбоҳи ҳилагар тағйир мекунад. Намӯнааш вазъияти имрӯзи Афғонистон аст.

Эшон афзуданд, Афғонистон бародари ҳамзабони ҳамдин ва ҳамфарҳанги мост мусибатҳои Афғонистон инсонро ба шиддат мутаассир мекунад. Инҳо кори Амрико аст, ин сахтиҳое ҳам ки мекашанд, ин ҳаводисе, ки дорад пеш меояд пай дарпай ин ҳодисаи рӯзи панҷшанбе, ин кушторҳо, ҳамааш кори Амрико аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҷиноёти амрикоиҳо дар Афғонистон, таъкид карданд, амрикоиҳо20 сол ин кишварро ишғол карданду анвоъи зулмҳоро ба инҳо карданд. Маҷлиси арӯсӣ ва азоро бомбаборон карданд. Иддаеро зиндонӣ карданд. Тавлиди маводи мухаддирро даҳҳо баробар афзоиш доданд. Як қадам ҳам барои пешрафти маданӣ ва иқтисодии Афғонистон барнадоштанд. Афғонистон аз он замон ақабтар набошад, ҷилавтар нест. Ба ҳар ҳол мо тарафдори миллати Афғонистон ҳастем. Давлатҳо меоянд ва мераванд. Онкӣ боқӣ мемонад, миллати Афғонистон ҳастанд. Ва навъи робитаи мо бо давлатҳо бастагӣ дорад ба навъи робитаи онҳо бо мо. Иншоаллоҳ Худованд вазъи миллати Афғонистонро ба беҳтарин ваҷҳ қарор диҳад.

 

Барчасп