Судури электроникии парвонаи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ дар устони Хуросони разавӣ
(last modified Mon, 13 Sep 2021 09:22:39 GMT )
Сентябр 13, 2021 14:22 Asia/Dushanbe

Муовини мудири кулли таъовун ва кору рифоҳи иҷтимои устони Хуросони разавӣ аз судури электроникии парвона(иҷозатнома)и кор барои атбоъ(шаҳрвандон)и хориҷӣ дар устони Хуросони разавӣ хабар дод.

Ба гузориши ихтисосии радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор Алии Ҳусайнипур дар мусоҳиба бо хабарнигори ин радио афзуд : Атбоъи хориҷӣ метавонанд аз тариқи интернет ба дафотири мавриди таъйиди корёбӣ дар устони Хуросони разавӣ муроҷиат ва мадорик(ҳуҷҷатҳо)у мустанадоти худро ирсол ва пас аз таъйиди мадорики тавассути ин дафотири қонунӣ, парвонаи кори онҳо содир ва дар ихтиёрашон қарор мегирад .

Муовини мудири кулли таъовун ва кору рифоҳи иҷтимои устони Хуросони разавӣ аз судури теъдоди 21600 картаи кор барои атбоъи хориҷии шоғил дар устони Хуросони разавӣ хабар дод .
Вай афзуд : Идораи кулли таъовуну кори устони Хуросони разавӣ дар ростои хизматрасонӣ ба муҳоҷирони қонунӣ  то кунун дар соли ҷорӣ теъдоди 21600 карти кор барои атбоъи хориҷӣ дар ин устон содир кардааст .
Ҳусайнипур дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон афзуд : Дар бахши сармоягузорӣ низ 6 навъи вуруд ба сармоягузорӣ тавассути муҳоҷирин ба Эрон барои ироаи парвонаи кор вуҷуд дорад, ки иборат аст аз хариди замин барои ширкат, хариди таҷҳизоти ширкат, анҷоми содирот беш аз 30 ҳазор дол­лар барои туҷҷори хориҷӣ, ироаи хадамот бо ширкатҳои тавлидӣ, истихдоми неруии кори эронӣ дар ширкат ва супурдагузорӣ дар банкҳои Эронӣ ба андозаи 50 ҳазор дол­лар ё муодили риёлии он .

Муовини мудири кулли таъовун ва кору рифоҳи иҷтимоии устони Хуросони разавӣ таъкид кард : Барои фарзандони писари атбоъи хориҷӣ болои 18 сол агар дар донишгоҳҳои Эрон мавриди пазириш қарор бигиранд, бар асоси тасҳилоти донишҷӯӣ метавонанд иқомат бигиранд, вале агар ҳам бихоҳанд кор кунанд, картаи кори муваққат барои онҳо дода мешавад ва ҳеҷ мушкили хосӣ барои анҳо вуҷуд надорад .

Алии Ҳусайнипур ҳамчунин дар поён бо ишора ба мушкилоти ҷангу ноамнӣ барои шаҳрвандони Афғонистон афзуд : Агар муҳоҷирини афғонӣ, ки дар асари мушкилоти ҷангу ноамнӣ ба сурати қонунӣ вориди Эрон шаванд, кулияи хадамоте ки ба атбоъи хориҷӣ эъто мешавад низ барои онҳо дар назар гирифта мешавад, аммо ин даста аз муҳоҷирин мебоист визаи хурӯҷ аз кишвар аз давлати марказии худро дарёфт намуда ва аз тариқи комилан қонунӣ вориди Эрон шуда бошанд .

 

  • Дар идома тавваҷуҳи шумо мухотабони азизи радиои тоҷикии Садои Хуросонро ба бахшҳои муҳиму хулосаи мусоҳибаи доктор Алии Ҳусайнипур-муовини мудири кулли таъовун ва кору рифоҳи иҷтимоии устони Хуросони разавӣ ҷалб мекунем дар робита бо мушкилот ва ниёзҳои муҳоҷирон дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва ба вижа дар устони Хуросони разавӣ, ки таи ин подкасти савтӣ тақдими Шумо азизон мешавад :