Саиди Муҳаммад : Қишм ва Кеш, омодаи мизбонӣ аз мусофирони Ҷоми ҷаҳонии 2022-и Қатар
(last modified 2021-11-01T05:54:34+00:00 )
Ноябр 01, 2021 10:54 Asia/Dushanbe
  • Саиди Муҳаммад : Қишм ва Кеш, омодаи мизбонӣ аз мусофирони Ҷоми ҷаҳонии 2022-и Қатар

Дабири Шӯрои олии манотиқи озоду вижаи Эрон гуфт : Қишм ва Кеш, омодаи мизбонӣ аз мусофирони Ҷоми ҷаҳонии 2022-и Қатар ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эрон пресс, Саиди Муҳаммад дар нишасти имзои тафоҳумномаи Шаҳобуддин Азизии Ходим, раиси Федерасиюни футбол бо Шӯрои олии манотиқи озоду вижаи кулли Эрон изҳор кард : Баҳси иқтисоди варзишу футбол барои кишвар, як фурсат аст ва бояд аз фурсати футбол, ки хоҳон дорад дар ҷиҳати беҳбуди маишати мардум истифода кунем .

Вай афзуд : Кишварҳои дигар махсусан кишварҳои ғарбӣ, ки пешрав ҳастанд, аз ин тариқ иштиғолзоӣ карда ва аз ин роҳ кишварашонро тавсеъа доданд .
Вай афзуд: Манотиқи озод ба унвони таҳкурсӣ дар ҳамаи бахшҳо махсусан варзиш заминаро эҷод мекунад ва бояд аз зарфиятҳое, ки дар манотиқи мухталиф дорем ( Арас, Мокӯ, Алванд, Чобаҳор, Кеш, Қишм ) ва манотиқи ҷадид ( Ардабил, Маривон, Бона, Қасри ширин ва Бушаҳр ) истифода карду муровидоте бо кишварҳои ҳадафу ҳамсоя эҷод кунем.

Саиди Муҳаммад ҳамчунин дар соири абъоди гардишгарии саломат, илмӣ,омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ, ҷазби гардишгар барномаи худро тавсеъа медиҳем, то дар масири муваффақият қарор гирем .
Дабири Шӯрои олии манотиқи озоду вижаи Эрон идома дод : Пешниҳод мекунам ҷаласаеро бо Федерасиюни футболи Қатар баргузор ва зарфиятҳои худамонро муаррифӣ кунем . Бидуни шак бо тавваҷуҳ ба гунҷоиш,، кишвари Қатар зарфияти пазириши мусофиронро дар Ҷоми ҷаҳонӣ нахоҳад дошт ва мо барномарези комил дорем, то бо истифодаи ҳаддиаксарӣ аз зарфиятҳои мавҷуд дар Қишму Кеш боис шавем то туристҳо ризоятмандона минтақаро тарк кунанд .
Қатар соли оянда мизбони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол хоҳад буд .

 

Барчасп