Маҳдавикиё : Тоҷикистон бо барнома буд/ Бояд 9 имтиёз мегирифтем
Сармураббии тими “Умед”-и Эрон мегуяд ақиб нишастани тимаш дар нимаи дувум бо тавваҷуҳ ба натиҷаи бозӣ табиӣ будааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими “Умед”-и Эрон бо касби пирӯзии арзишманди 3 бар 2 муқобили Тоҷикистон, ки мизбони гуруҳи дувуми мусобиқот буд, тавонист бо 9 имтиёз ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои зери 23 соли Осиё роҳ пайдо кунад .
Маҳдии Маҳдавикиё-сармураббии тими миллии умеди футболи Эрон пас аз касби ин пирӯзӣ дар нишасти хабарӣ ҳозир шуд ва дар мавриди натиҷаи касбшуда ин тавр ҳарфҳояшро оғоз кард : Футболи хубе буд . 5 гол дар ин мусобиқаи дидем, ду тим хуб бозӣ карданду табиӣ буд нимаи дувум мо ба дунболи ҳифзи бозӣ ва натиҷа бошем . Каме ҳам ақиб омадему Тоҷикистон ба мо фишор овард .
Ӯ дар мавриди 10 нафара шудани тимаш ки дар паии ихроҷи Ориё Барзгар аз дақиқаи 86 иттифоқ афтод ва сабаби фишори бештар рӯйи тим дар дақоиқи поёнӣ шуд, баён кард : Баъд аз 10 нафара шудани корамон сахт шуд, аммо бо 9 имтиёз ба марҳалаи ниҳоӣ суъуд кардем .
Вай афзуд : Ба Тоҷикистони ҳам табрик мегӯям. Тими бобарномае буд, аммо мо бояд ин 9 имтиёзро мегирифтем ва суъуд мекардем.
Бештар бихонед :