Ноябр 23, 2021 17:20 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Эрон: Бояд равобити иқтисодии Эрон ва Испания беш аз пеш тавсеа ёбад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳангоми дарёфти устуворномаи сафири ҷадиди Испания таъкид кард, бояд равобити иқтисодии Эрон ва Испания беш аз пеш тавсеа ёбад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳурии Эрон имрӯз (сешанбе) замони дарёфти устуворномаи сафири ҷадиди Испания дар Теҳрон гуфт, сатҳи кунунии равобити иқтисодӣ байни Эрон ва Испания қобили қабул нест ва бояд талош шавад беш аз пеш тавсеа пайдо кунад.

Раисӣ афзуд, иродаи Эрон дар тавсеаи равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бо Испания аст ва зарфиятҳои хубе дар ду кишвар барои иртиқои равобит вуҷуд дорад .

Сафири ҷадиди Испания дар Теҳрон низ дар ин дидор, зимни иблоғи саломи подшоҳ ва раиси давлати Испания ба Раисӣ гуфт, тамоми талоши худро барои пайвандҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ байни Эрон ва Испания бакор мебандад.

 

Барчасп