Мулоқоти сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон бо вазири хориҷаи Эрон
(last modified Mon, 20 Dec 2021 05:38:29 GMT )
Декабр 20, 2021 10:38 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон бо вазири хориҷаи Эрон

Сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон бо вазири хориҷаи Эрон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонусайни Амирабдуллоҳиён, ки барои ширкат дар ҳафдаҳумин нишасти изтирории вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар бораи Афғонистон ба Исломобод сафар кард, дар ин мулоқот гуфт : Эрон ҳамчунон барои ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвом дар Афғонистон талош ва ҳамаи тарафҳоро барои таъмини ин ҳадаф ташвиқ мекунад .

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Мардуми Афғонистон дар остонаи фасли сармову шароити сахте, ки доранд бояд мавриди ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор бигиранд .
Вай гуфт : Кумакҳои инсондустона бояд ба самти ин кишвар сарозер шавад.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ҳамчунин чаҳор пешниҳод барои кумак ба мардуми Афғонистон ироа кард ва афзуд : Кишварҳои исломӣ ҳайати ҳокимаи сарпарастии Афғонистон ва ҳамаи тарафҳоро ба ташкили давлати фарогир ташвиқ кунанд.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён  афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон амнияти пойдор ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ дар Афғонистонро дар ростои манофеи ҷамъии минтақа арзёбӣ мекунад .
Вазири хориҷаи Эрон изофа кард : Ҷумҳурии исломии Эрон дар 40 соли гузашта мизбони миллионҳо муҳоҷиру овораи афғонистонӣ бӯдааст; ин муҳоҷирону оворагон ҳосили таҷовузу ишғолгарии Амрико будаанд .

Амирхони Муттақӣ-сарпарасти Вазорати хориҷаи давлати муваққатии Толибон низ двр ин мулоқот гуфт : Ҳама бояд бипазиранд, ки инзивои сиёсии Афғонистон барои касе суде надорад ва ниёз аст то ин кишвар аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳимоят шавад .
Вай афзуд : Ба тамоми ҷаҳон ва ба вижа кишварҳои исломӣ итминон медиҳам, ки аз хоки Афғонистон алайҳи касе истифода нахоҳад шуд ва бо кишту қочоқи маводи мухаддир ба шиддат мубориза мешавад.