Шиллики муваффақиятомези мушакҳои баллистикӣ дар размоиши “Паёмбари акрам (с)”
Фармондеҳи Нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз шиллики муваффақиятомези мушакҳои баллистикӣ дар марҳалаи ниҳоии размоиши “Паёмбари аъзам (с)” хабар дод.
Сардор Амиралии Ҳоҷизода, фармондеҳи Нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳошияи баргузории марҳалаи ниҳоии размоиши муштараки “Паёмбари аъзам (с) 17” дар ҷамъи хабарнигорон, аз иҷрои амалиёти муштараки мушакӣ ва паҳподӣ дар ин бахш аз размоиш хабар дод ва гуфт: Дар ин размоиш шоҳид будем, ки ҳам шилликҳо дақиқ буд ва ҳам мушакҳо ва паҳподҳо ба таври дақиқ рӯйи нуқоти пешбинишуда фуруд омаданд.
Сардор Ҳоҷизода ҳамлаи ҳамаҷониба ва 360 дараҷа ба ҳадаф ва манёврпазирии мушакҳои баллистикиро аз барҷастагиҳои ин бахш аз размоиши тавсиф ва тасреҳ кард: Ҷиҳат додан ба мушакҳои баллистикӣ ва ин ки аз ҷиҳоти мухталиф ҳаракат кардаву қудрати манёвр дошта бошанд, падида ва қобилияте аст, ки ба ҳиммати мутахассисони тавонманди Эрони исломӣ ҳосил шудааст ва кори душманро бисёр сахт мекунад.
Фармондеҳи Неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ партоби паҳподҳои размӣ ба сурати чандфарвандӣ аз ҷойгоҳи партобро аз дигар вуҷуҳи барҷастаи ин размоиш баршумурд ва гуфт, бо ин иқдом ҳаҷми оташҳои мо афзоиш ёфта ва дар он воҳид теъдоди зиёде ҳавопаймои бидуни сарнишини ҳуҷумӣ ба самти ҳадаф мераванд ва таркиби ин қобилиятҳо бо тавонмандиҳои мушакӣ ба амнияти кишвар кумак кардаву даҳони душманонеро, ки ҳар рӯзи алайҳи Эрон ҳарф мезананд, медӯзад.
Размоиши “Паёмбари аъзам (с) 17” аз рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба муддати панҷ рӯз дар савоҳили халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ва минтақаи умумии устонҳои Ҳурмузгон, Бушеҳр ва Хузистон бо ҳузури воҳидҳое аз неруҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳаво-фазои сипоҳ, ҳамчунин бархе воҳидҳои мардумпояи Басиҷи мустазъафини Эрон баргузор шуд.
Бештар бихонед: