Январ 21, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон: Таолии инсон ва ободонии кишвар ҳадафи ҳукмронии шоиста дар тарози Қуръон аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, фароҳам овардани заминаи рушду таолии инсон ва посух ба ниёзҳои ӯ ва дар айни ҳол умронӣ ва ободонии кишвар аз аҳдофи ташкили ҳукумати шоиста дар тарози Қуръон аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаи нахусти намози ҷумъаи Теҳрон номаи Имом Алӣ (а) ба Молики Аштарро санаде муҳкам барои ҳукмронии шоиста дар тарози Қуръони Карим арзёбӣ ва хотирнишон кард: Дар мантиқи Ислом, фароҳам овардани заминаи рушду таолӣ ва посух ба ниёзҳои башар ва тавсеаи инсонӣ ба маънои воқеӣ аз аҳдофи ташкили ҳукумати исломӣ унвон шудааст.

Вай таъкид кард, қуллаи таолӣ, камол. Рифоҳ, осоиш ва амният барои инсон ҳамчунин қуллаи ободонӣ, умрон ва дастёбӣ ба зерсохтҳои тавсеаву пешрафт барои кишвар, ҳамон тамаддуни исломӣ аст, ки мақоми муаззами раҳбарӣ онро навид додаанд.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон гуфт, барои дастёбӣ ба ҳукмронии шоиста, ҳазрати Алӣ (а) дар нома ба Молики Аштар ба ду абзор барои таҳаққуқи инсони мутаолӣ ва ободонии кишвар ишора кардааст. Низоми таъмини молии низоми сиёсӣ аз даромади пойдору мубтанӣ бар тавлид яке аз ин абзорҳост. Қудрати дифои боздоранда ва амниятофарин абзори дигар аст.

Вай бо баёни ин ки робитаи маънодоре байни ахлоқу ҳукмронӣ вуҷуд дорад, афзуд: Агар масъулону сиёсатварзон ба ин нома тавваҷуҳ кунанд, бо як таҳаввули азим дар ҳамаи арсаҳо рӯ ба рӯ хоҳем буд.

 

Барчасп