Тими миллии футболи Эрон дар остонаи таърихсозӣ барои роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳонии 2022
(last modified 2022-01-25T05:50:24+00:00 )
Январ 25, 2022 10:50 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи Эрон дар остонаи таърихсозӣ барои роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳонии  2022

Тими миллии футболи Эрон, дар идомаи марҳалаи ниҳоии интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар сурати пайрави муқобили Ироқ ба рекорде таърихӣ барои роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар дар қораи Осиё мерасад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, тими миллии футболи Эрон, панҷшанбеи ин ҳафта (27 январ) дар бозии ҳафтуми худ аз марҳалаи ниҳоии интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол ба масофи тими миллии Ироқ меравад.

Шогирдони Драган Скучич, сармураббии тими миллии футболи Эрон, дар сӯрати пирӯзӣ дар ин бозӣ ва ё ҳатто тасовӣ ( бо тавваҷуҳ ба натоиҷи соири бозиҳои гуруҳ) сууде зудҳангом ба Ҷоми ҷаҳонии 2022 доранд, сууде, ки метавонад сареътарин сууди як кишвари Осиё ба ҷоми ҷаҳонӣ дар марҳалаи ниҳоии интихобӣ бошад.

Тими миллии футболи Эрон, дар ҳафтаҳои ҳафтуму ҳаштуми рақобатҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар бояд ба тартиб ба масофи тимҳои Ироқ ва Иморот биравад.

Як бурд муқобили Ироқ, муҷаввизи ҳузури шогирдони Драган Скучич дар Ҷоми ҷаҳониро имзо мекунад.

 

 

Барчасп