Афзоиши тавони роҳбурдии Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи таҳақуқи сулҳи ҷаҳонӣ
(last modified 2022-02-14T11:23:55+00:00 )
Феврал 14, 2022 16:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавони роҳбурдии Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи таҳақуқи сулҳи ҷаҳонӣ

Фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Афзоиши тавони роҳбурдии неруҳои дарёии артиши кишварамон дар ростои таҳақуқи сулҳи ҷаҳонӣ ва таъмини амнияти шоҳроҳи иқтисодии дунё аст.

Амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ дар ойини истиқбол аз новшикани Ҷумҳурии Исломии Эрон - Бояндур дар лангаргоҳи Эронбандари Кунорк гуфт: Ҳузури босалобат дар умқи роҳбурдии дарёҳо, ба душман ин ҳушдорро дода аст, ки бояд бештар муроқиб бошад.

  • Шаҳроми Эронӣ афзуд: Ҳамаи ин дастовардҳо мадюни талошҳои шабонарӯзии ҳамразмон дар новгуруҳҳои мухталиф аст.
  • Фармондеҳи Неруи дарёӣ артиш ҳамчунин гуфт: Вақте размоишро баргузор мекунем дар ҳақиқат онро ҳамчун як ҷанги тамомайёр анҷом медиҳем.
  • Шаҳроми Эронӣ таъкид кард: Ҳамразмонамон тавонистанд паёми Ҷумҳурии Исломии Эронро ба унвони пирӯзии неруҳои мусаллаҳ, ки фишурдатарин муқобила бо ҳар гуна таҳдид аст, ба душман иблоғ кунанд.
  • Фармондеҳи Неруи дарёии артиш ҳамчунин гуфт: Низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар болотарин сатҳи иқтидор, ҳамдилӣ ва ваҳдат бо тамоми тавонаш ҳамешагӣ аст ва истифода аз ин тавон ҳам чизе ҷуз таҳақуқи сулҳи ҷаҳонӣ нест.

Новшикани "Бояндур" дар қолаби новгуруҳи 17 дар таърихи 14 обонмоҳ бо ҳадафи ҳамроҳӣ ва муҳофизати киштиҳои тиҷоратӣ ва нафткашҳо дар ростои ҳифзи манофеи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар обҳои байналмиллалӣ аз лангаргоҳи Эронбандари Кунорк ҳаракат ва пас аз ҳузур дар размоиши бузурги Зулфиқори артиши Ҷумҳурии Исломӣ ба халиҷи Адан ҳаракат кард.

 

Барчасп