Нобудии ду гурӯҳи террористӣ дар ҷануби шарқи Эрон
Ду гурӯҳи террористии вобаста ба сервисҳои иттилоотии бегона тавассути нерӯҳои амниятии Эрон нобуд карда шуд.
Баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ, фаъолиятҳои мухталифе барои барандозӣ ва муқобила бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи Амрико, режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони минтақаии онон сурат гирифтааст.
Дар солҳои ахир низ бо шикасти фишорҳои ҳаддиаксарии таҳримҳои Амрико, фишори ҳаддиаксарии амниятии зидди Эрон шакл гирифт. Дар ин таҳаррукот, байни Исроил, Амрико ва Англия ҳамкориҳои густардае ҷараён дорад.
Ба гузориши ИРНА, вазорати иттилооти Эрон рӯзи душанбе дар иттилоияе эълом кард, бо иқдомоти нерӯҳои амниятии Эрон, шаш террористи мусаллаҳ, ки бо маъмурияти террори чанд нафар аз атбои хориҷии шоғил дар тарҳҳои зербиноии устони Систон ва Балӯчистон вориди Эрон шуда буданд, шиносоӣ ва боздошт шуданд.
Ин иттилоия меафзояд,гурӯҳи пуштибонии ин террористҳо низ нобуд карда шуд.
Вазорати иттилооти Эрон дар ин иттилоия ба сервисҳои иттилоотии бегона ҳушдор дод, ки ҳар гуна иқдоми террористии онҳоро бидуни посух нахоҳад гузошт.