Ноябр 25, 2016 17:27 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳамла ба зоирони Имом Ҳусайн (а) нишондиҳандаи умқи дармондагии террористҳост

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон иқдоми террористӣ дар шаҳри Ҳилла (Ироқ) ва шаҳодати шуморе аз зоирони ҳусайниро нишондиҳандаи умқи дармондагии террористҳо донист.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёме бо маҳкум кардани инфиҷори террористии рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Ҳилла, дар вилояти Бобули Ироқ таъкид кард: “Баргузории бошукӯҳи ҳамосаи “арбаини ҳусайнӣ”, гӯшае аз азамати шефтагии миллати ошӯроӣ буд, ки террористҳо онро барнатофтанд.

Дар паёми Рӯҳонӣ омадааст, амалиёти террористӣ дар Ҳиллаи Ироқ, ки ба шаҳодату маҷрӯҳ шудани мазлумонаи шуморе аз зоирони ҳусайнӣ, аз ҷумла теъдоде аз эрониён мунҷар шуд, қалби ҳамаи мусулмонон, ба вижа шиаёнро ҷариҳадор кардааст.

Раиси ҷумҳурии Эрон дар ин паём бо дархост аз давлати Ироқ барои бархурди қотеонатар бо омилони ин ҷиноят, омодагии давлати Эронро барои ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар расидагӣ ба осебдидагон эълом кард.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин дар ин паём бо таслият ба хонаводаҳои шуҳадо, барои маҷрӯҳони амалиёти террористии Ҳиллаи Ироқ шифои оҷил орзӯ кардааст.

Рӯзи панҷшанбе бар асари инфиҷори як худрави бомбгузоришуда дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Ҳилла, маркази вилояти Бобул, дар ҷануби Бағдод, дастикам 80 нафар аз зоирони ҳусайнӣ шаҳид ва шуморе захмӣ шуданд.

Масъуди Ҳусайниён, сарконсули Эрон дар Карбало имрӯз -ҷумъа гуфт, 71 киса, шомили 59 пайкари сӯхтаву 14 пайкари муталошишуда аз шуҳадои инфиҷори террористӣ дар Ҳиллаи Ироқ барои ташхиси ҳувият то асри ҷумъа ба Эрон интиқол меёбад.

Вай афзуд, бо анҷоми озмоиши Ди Эн Ай дар Эрон, ҳуввияти шуҳадо, ки мумкин аст эронӣ, афғонистонӣ, покистонӣ ва ё ироқӣ бошанд, мушаххас хоҳад шуд.

 

Барчасп