Ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон дар Эрон ваксина шуданд
Вазири беҳдошти Эрон гуфт: Тамоми шаҳрвандони афғонистонӣ дар Эрон аз барномаи ваксинатсияи ройгони зидди Ковид-19 баҳраманд шуданд.
Баҳром Айнуллоҳӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчуби сиёсатҳои куллии низоми исломӣ, арзишҳои динӣ ва каромати инсонӣ ва рисолатҳои созмонӣ ва инсондустонаи худро аз замони густариши Ковид-19 ҳамонанди шаҳрвандони эронӣ ҳеҷ гуна маҳдудияте барои муроҷиа ва дармони шаҳрвандони афғонистонӣ дар марказҳои дармонии сарорсарии Эрон қоил набудааст.
Айнуллоҳӣ гуфт: Теъдоди зиёде аз беморони афғонистонӣ ба таври ройгон бо ҳадиақали маблағ дар марказҳои дармонӣ ва бемористонҳои Эрон бистарӣ ва дармон шуданд ва ҳамаи шаҳрвандони кишвари Афғонистон аз барномаи миллии ваксинатсияи ройгони Ҷумҳурии Исломии Эрон зидди бемории Ковид-19 баҳраманд шуданд.
Вазири бедоҳшту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин бо маҳкум кардани фитнаангезии ахир дар куштори шиъаён дар Мазори Шариф ва донишомӯзони мактаби шаҳид Абдураҳими Кобул афзуд: Истикбори ҷаҳонӣ ва муттаҳидони минтақаӣ он ба баҳонаҳои беасос эҳтимоми худро барои эҷоди ихтилоф ва фитана байни мусалмонони Афғонистон ба кор баста ва ба вуҷуд овардани итифоқоти нохушоянд дилоҳои бародарон ва хоҳарони мусалмонро бавижа дар моҳи мубораки Рамазон озурдахотир карданд.
Айнуллоҳӣ бо ибрози таассуф аз иттифоқҳои талхи ахир зидди мусалмонон ба вижа шиъаён ва фитнаангезиҳои омидона ва ҳадафмандонаи душманон таъкид кард: Эрон омодаи ҳаргуна кумакҳои инсондустонаи беҳдошт ва дармонӣ ба мардуми кишвари дуст ва бародари Афғонистон аст.